Ссылки доступа

Ҳукми "тарғибгари терроризм"-ро дар Қазоқистон сабук накарданд


Дархости Жанна Умироваи 36-сола дар барои пеш аз поёни муҳлат ба озодӣ баромадан имрӯз аз сӯи додгоҳи вилояти Алматои Қазоқистон рад шуд. Умирова бо моддаҳои "барангехтани адовати динӣ" ва "тарғиби терроризм" зиндонӣ аст.

Умирова моҳи июни соли 2017 ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд. Вай аз додгоҳ хост, ки ҳукмаш сабук ва пеш аз муҳлат озод шавад.

Додситон Сунгат Сатбоев гуфт, ба далели ислоҳ нашудани Жанна Умирова, ба сабук кардани ҳукми вай розӣ нест.

Вакили мудофеи Умирова мегӯяд, вай ду кӯдаки ноболиғ дорад, ки айни ҳол дар тарбияи модари 66-солаи Жанна Умирова ҳастанд. Шавҳари Умирова Жакшибек Биймирзоев бо айби терроризм 25 сол зиндонӣ шудааст.

Умироваро баъди паҳн кардани матолиби мамнуи мазҳабӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб карданд.

XS
SM
MD
LG