Ссылки доступа

Навбатпоиҳои чандинкилометрӣ барои газ дар водии Фарғона (видео)


Дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, аз ҷумла ноҳияҳои Олтиариқ, Бағдод ва Риштон ҳафтаҳои ахир норасоии гази табиӣ мушоҳида мешавад.

Як хонандаи мо навореро аз як нуқтаи фурӯши гази шаҳри Қӯқанд фиристодааст, ки 22 декабри соли равон тахминан соатҳои 12-и рӯз сабт шудааст. Дар навор мошинҳоеро дида мешавад, ки барои газ навбат истодаанд. Ба гуфтаи муаллиф, дарозии қатори мошинҳо тақрибан 5 километр буд.

Ҳамсуҳбати мо 22 декабр аз ноҳияҳои Риштон, Бағдод ва Олтиариқ низ боздид карда, мегӯяд, дар назди нуқтаҳои фурӯши гази ин ноҳияҳо аз 100 то 200 мошин навбат мепоиданд.

"Ҳар нуқтаи фурӯш меъёр дорад. Газро аз лӯла гирифта, таҳти фишор пур мекунанд. Дар ҳоли ҳозир фишори газ паст аст ва бинобар ин, дар назди нуқтаҳои фурӯш навбатпоиҳо ба миён омадааст. Якбора сард шудани ҳаво низ талабот ба газро афзоиш дод. Ҳоло пеш аз ҳама, сокинонро бо газ таъмин дорем", - гуфт як масъули ширкати "Ӯзтрансгаз".

Дар бораи норасоии гази табиӣ дар Ӯзбекистон расонаҳо 21 декабр хабар доданд. Ба иттилои Kun.uz, мушкили норасоии гази табиӣ на танҳо дар вилояти Фарғона, балки дар тамоми водии Фарғона пеш омадааст. "Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангон навбатпоиҳои тӯлонӣ мушоҳида мешавад", - афзудааст манбаъ.

На газовых заправках Ферганской долины снова возникли километровые очереди
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:41 0:00

XS
SM
MD
LG