Ссылки доступа

Вакили зиндонии қирғиз аз шаҳрвандии Қазоқистон маҳрум шуд


Вакили пешини порлумони Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулу, ки бо гумони қочоқбарӣ боздошт ва дар маҳбаси шаҳри Алматои Қазоқистон нигаҳдорӣ мешавад, аз шаҳрвандии Қазоқистон маҳрум ва шиносномааш бекор гардид.

Дар додгоҳ вай ба ҳайси шаҳрванди Қирғизистон ҳозир шуд. Дар ин бора Додситонии кулли Қирғизистон хабар медиҳад.

Асилбек уулу аз зумраи 29 гумонбарест, ки 15 ва 16 феврали соли равон дар натиҷаи як амалиёти муштараки мақомоти қудратии Қазоқистон дар вилоятҳои Қазоқистони Ҷанубӣ, Ҷамбул ва шаҳри Алмато бо ҷурми қочоқи мол боздошт шуданд. Яке аз онҳо Дамирбек Асилбек уулу, вакили порлумони Қирғизистон аз ҳизби "Қирғизистон" буд.

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон пештар гуфта буд, ки Асилбек уулу шиносномаи қазоқӣ дорад. Вале наздикону пайвандони Асилбек уулу хабари шаҳрвандии дувуми ӯро бофта номиданд.

Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон 16 апрели соли равон мандати вакилии Дамирбек Асилбек уулуро ба далели доштани шаҳрвандии Қазоқистон бекор кард. Баррасии парвандаи вакили пешини қирғиз дар додгоҳи Алмато 19 октябри соли ҷорӣ шуруъ шуд.

XS
SM
MD
LG