Ссылки доступа

Тамоми хонаҳои қадимии шаҳри Тошканд тахриб мешаванд


Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов хабар дод, ки тамоми хонаҳои қадимӣ дар шаҳри Тошканд тахриб ва ба ҷои онҳо биноҳои нав бунёд карда мешаванд.

Ӯ ҳангоми суханронӣ дар бораи рушди босуръати бахши сохтмони Ӯзбекистон суханони муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвараш Козим Тулягановро иқтибос овард.

"Туляганов, ки дар гузашта муовини аввали сарвазир, шаҳрдори Тошканд, мудири иттиҳодияи "Тошкандстрой" буд, дирӯз гуфт, ҳатто дар беҳтарин даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тошканд дар ҳаҷми 1 миллион метри мураббаъ манзили зист бунёд ва ба истифода дода нашудааст. Мо сол ба поён нарасида, аллакай ин рақамро гузаштем", - изҳор дошт Орипов.

Ба гуфтаи ӯ, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дастур додааст, ки ба ҷои хонаҳои қадимии пойтахти кишвараш биноҳои наву замонавӣ бунёд карда шавад. "Президент гуфт, биноҳо бояд бо оби гарму низоми гармидиҳӣ таъмин бошанд. Мардум барои омода кардани ғизо дигар набояд аз чӯбу ангишт истифода кунанд", - афзуд сарвазир.

Орипов мегӯяд, Мирзиёев ҳангоми боздид аз хонаҳои ноҳияи Сергелии Тошканд ӯро сарзаниш кардааст, ки чаро бо мошинҳои либосшӯӣ таъмин нестанд.

"Президент гуфт, натавонистед, хонаҳоро бо мошинҳои либосшӯӣ таъмин кунед? Ӯ метавонад бихарад? Шавҳараш ба ӯ мехарида бошад? Чаро ту ҳамчун раиси ҳукумат ба ин масъала диққат намедиҳӣ? Албатта, ин корҳоро анҷом хоҳем дод. Президент ошкоро намегӯяд, ки барои бонувон, вале дар ҳама суханҳояш таваҷҷуҳ ба бонувон дида мешавад", - гуфт Орипов.

Ёдрас мешавем, президенти Ӯзбекистон 21 декабр аз биноҳои навбунёди ноҳияи Сергелӣ боздид кард.

XS
SM
MD
LG