Ссылки доступа

CNN: фармони бурунрафти нирӯҳои ИМА аз Сурия имзо шудааст


Телевизиони CNN бо истинод ба як манбаи худ дар Вазорати дифои ИМА хабар дод, ки фармони бурунрафти нирӯҳои амрикоӣ аз Сурия аллакай имзо шудааст. Фармонро вазири пешини дифои ИМА Ҷеймс Мэттис қабл аз истеъфояш имзо кардааст.

Ин фармон замон ва тартиби бурунрафти нирӯҳои амрикоиро аз Сурия муайян мекунад. Интизор меравад, иҷрои он рӯзҳои наздик оғоз шавад.

Президенти ИМА Доналд Трамп 19 декабр эълом кард, ки тайи ду моҳи оянда нирӯҳои Амрико аз Сурия бароварда мешаванд. Ин иқдомро ҳам ҷонибдорони Трамп ва ҳам аъзои Конгресс танқид карданд. Дар ин замина вазири дифои ИМА Ҷеймс Мэттис истеъфо дод.

Ахиран намояндаи Кохи сафед гуфт, ки Трамп тасмимашро тағйир намедиҳад. "Президент аз аввал мегуфт, ки намехоҳад нирӯҳои амрикоӣ дар Сурия барои ҳамеша бимонанд. Шумо ҳоло натиҷаи кори дусоларо мебинед", - изҳор дошт ӯ.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон аз тасмими Трамп дар бораи ихроҷи нирӯҳо аз Сурия ибрози таассуф кард. "Ҳампаймон будан маънои онро дорад, ки китф ба китф бояд ҷангид", - афзуд Макрон. Сенатор аз аёлати Теннессӣ Боб Коркер, ки Кумитаи муносибатҳои байналмилалиро раҳбарӣ мекунад, рӯзи якшанбе гуфт, аз тасмими Трамп "андуҳгин" аст. Ӯ ИМА-ро ҳампаймони "беэътимод" номид.

Эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии ИМА мубориза бо тундравонро дар Сурия соли 2014 оғоз кард. Эътилоф аз нирӯҳои демократии мухолиф ҷонибдорӣ мекунад. Дар он кишвар беш аз ду ҳазор низомии амрикоӣ қарор доранд.

Трамп рӯзи якшанбе муовини вазири дифои ИМА Патрик Шэнаханро иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Пентагон таъйин кард.

XS
SM
MD
LG