Ссылки доступа

Қирғизистон омодааст, ба тарҳи Silk Visa бипайвандад


Қирғизистон омодааст, ба тарҳи Silk Visa – раводиди монанд ба визаи шенгени Иттиҳоди Аврупо бипайвандад, ки Ӯзбекистону Қазоқистон аз моҳи феврали соли 2019 ҷорӣ карданианд.

Дар ин бора вазири фарҳанг, иттилоъ ва сайёҳии Қирғизистон Азамат Жаманқулов хабар дод. "То ба имрӯз оғози иҷрои тарҳ расман эълом нашудааст. Мо нома фиристодем, ки омодаем ба он бипайвандем", - изҳор дошт Жаманқулов.

Бар асоси ин тарҳи Тошканду Остона, сайёҳони хориҷӣ метавонанд, бо як раводид ба ду кишвар сафар кунанд.

Иҷрокунандаи вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ӯзбекистон Улуғбек Қосимхоҷаев 20 декабр ба хабарнигорон гуфт, ҳадафи тарҳ рушди бахши ҷаҳонгардӣ дар минтақа аст.

Идеяи роҳандозии "раводиди ягонаи Роҳи абрешим" бори нахуст моҳи июни соли 2018 матраҳ шуд. Он замон хабар доданд, ки гуфтугӯҳо барои ҷалби Озарбойҷону Туркия ба тарҳи мазкур низ ҷараён доранд.

XS
SM
MD
LG