Ссылки доступа

Ду ҳунарпешаи синамои Туркия дар таҳқири ҳукумат айбдор мешаванд


Додситонии Туркия нисбати ду бозигари синамо бо айби таҳқири ҳукумати президент Раҷаб Эрдуғон ва таҳдиди "табаддулоту марг" парванда боз кардааст.

Додситонии шаҳри Истамбул 23 декабр хабар дод, ки бозигарон Метин Акпинар ва Муҷат Гезе баъди хабари расонаҳо дар бораи суҳбаташон тариқи барномаи телевизион, ба бозпурсӣ "даъват шудаанд". Акпинар ва Гезен 21 декабр дар барномаи телевизиони Halk TV ширкат карданд, ки аз ҷониби мухолифон идора мешавад. Акпинар гуфт, Туркия бояд ҳукумати демократиро интихоб кунад, дар сурати ғайр кишвар шоҳиди он мешавад, ки роҳбаронашро чи гуна "ба дор мекашанд ё заҳр медиҳанд".

Эрдуғон бозигаронро бидуни зикри номашон танқид кард. "Инҳо бозигарони дурӯғин ҳастанд. Онҳои барои ин ҷуброн хоҳанд пардохт", - гуфт президент.

Мақомоти Туркия мухолифони эҳтимолиашонро таъқиб мекунанд, ки дар табаддулоти нокоми тобистони соли 2016 айбдор мешаванд. Дар ин раванд то имрӯз наздики 77 ҳазор шаҳрванди Туркия ҳабс ва маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG