Ссылки доступа

Қазоқистон рахна шудани тарҳи дидбонии "Квант"-ро таҳқиқ мекунад


Вазорати иттилоот ва иртибототи Қазоқистон хабар дод, ки ба таҳқиқи рабуда шудани ҳуҷҷатгузории низоми мониторинги шабакаҳои иҷтимоӣ шуруъ кардааст.

Дар изҳороте, ки 24 декабр нашр шуд, омадааст, ки вазорат аз соли 2017 ба ин сӯ тарҳеро бо номи "Дидбони худкори фазои иттилоотии миллӣ" пеш мебарад ва рахнагарони интернетӣ ба он даст ёфтаанд. Зимни он алгоритме сохта хоҳад шуд, ки ба гунаи автоматӣ аз ҳама гуна иттилои марбут ба таблиғи терроризм ё худкушӣ ва ҳамчунин даъватҳои зидди тамомияти арзии кишвар огоҳ хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш рахнагарони интернетӣ ё ҳакерҳо аз гуруҳи Digital Revolution гуфтанд, сервери донишкадаи илмиву таҳқиқотии "Квант"-ро шикастаанд, ки ба Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) тааллуқ дорад.

Дар ҳуҷҷатҳое, ки ин гуруҳ нашр кард, коркарди низоми мониторинги шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳ дода шудааст. Ҳадафи асосии коркарди ин низом - ошкор ва таҳлили гароишҳои эътирозӣ аст. Чунин низом ё системаро, ба гуфтаи Digital Revolution, "Квант" аллакай дар Қазоқистон истифода бурдааст. Ба иттилои бахши русии радиои BBC, вазорати иттилоот ва иртибототи Қазоқистон барои ин кор 4,3 миллион доллар ҷудо кардааст.

Вазорати иттилоот ва иртибототи Қазоқистон гуфт, ки бо ширкати қазоқистонии "Озмоишгоҳи илмиву таҳқиқотии "Квант"" шартномаи ҳамкорӣ бастааст. Пештар аз ин вазорат хабар дода буд, ки барои таъсиси чунин низом аз буҷаи ҷумҳурӣ наздики панҷ миллион доллар ҷудо шудааст.

амчун далел рахнагарони интернетӣ, скриншот ё аксҳоеро нашр карданд, ки номгӯи ҳуҷҷатҳо ва маъмурон дар сервери "Квант" дида мешавад. Дар ҳоли ҳозир дастрасӣ ба сервери "Квант" ҳамроҳ бо сомона ва почтаи кории ин донишкада маҳдуд шудааст.

Донишкадаи пӯшидаи "Квант", ки дар ноҳияи Ховринои Москва қарор дорад, солҳо 1970 таъсис шудааст. Ин донишкада соли 2008 ба тобеияти ФСБ дода шуд. Ба иттилои WikiLeaks, донишкада яке аз муштариҳои ширкати итолиёии Hacking Team буд. "Квант" дар солҳои 2012-2014 мумкин аст, ки аз ин ширкат чанд барномаи ҷосусӣ харида бошад.

Соли 2018 ИМА зидди "Квант" таҳрим ҷорӣ кард. Мақомоти ИМА мегӯянд, мумкин аст, ин донишгоҳ дар ҳамлаҳои ҳакерӣ дар остонаи интихоботи президентии Амрико даст дошта бошад.

XS
SM
MD
LG