Ссылки доступа

"Ифтихори Ӯзбекистон" - Нуриддиновро бо гумони истифодаи допинг муваққатан аз бозиҳо маҳрум карданд


Нахустин қаҳрамони ҷаҳони Ӯзбекистон, соҳиби унвони "Ифтихори Ӯзбекистон" Руслан Нуриддинов бо гумони истифодаи допинг муваққатан аз иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ маҳрум шуд.

Тавре Федератсияи байналхалқии варзиши вазнин (IWF) хабар медиҳад, баъди дубора санҷидани варзишкорон, ки ҳангоми Олимпиадаи Лондон дар соли 2012 баргузор шуда буд, натиҷаҳои Руслан Нуриддинов мусбат баромаданд. Санҷиши дубораи Руслан Нуриддинов нишон дод, ки вай аз доруҳои нерӯафзо истифода кардааст.

Руслан Нуриддинов дар Лондон дар вазни 105 кг. мақоми чаҳорумро соҳиб шуд. Нуриддинов ҳамзамон қаҳрамони олимпии Рио-де-Женейро ва барандаи медали тилои Қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2013 аст.

Вай нахустин варзишкори Ӯзбекистон аст, ки унвони қаҳрамони ҷаҳонро дар мусобиқаи Лаҳистон дар октябри соли 2013 соҳиб шудааст. Баъди он мусобиқа ӯро "Ифтихори Ӯзбекистон" ҳам номиданд.

Пештар аз ин Кумитаи байналхалқии Олимпӣ ҳангоми бозтафтиши допинг медалҳои олимпии ду варзишкори ӯзбекистонӣ - Сослан Тигиев (нуқра) ва Артур Таймазовро (тило) бекор кард.

XS
SM
MD
LG