Ссылки доступа

Ҷангҷӯён бинои Вазорати кори Афғонистонро ғасб карданд


Дар натиҷаи як ҳамла ба бинои ҳукуматӣ дар шарқи шаҳри Кобул 24 декабр 29 кас ҷон бохта, дасти кам 23 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳудуди 300 кас, ки ҳангоми ҳамла дар дохили бино ҳузур доштанд, наҷот дода шудаанд.

Дар биное, ки ба он ҳамла шуд, Вазорати кори Афғонистон ва чанд идораи давлатӣ ҷойгиранд. Се тани ҳамлагарон дар натиҷаи задухӯрд ва чаҳор тани дигар ҳангоми таркиши мошин ҷон бохтанд. Намояндаи Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, чанд асири дигар дар дасти гаравгирон боқӣ монда, амалиёти озодсозии онҳо идома дорад.

Шоҳидон гуфтанд, гурӯҳи ҷангҷӯён нахуст як мошини ҳомили бомбаро тарконда, баъдан ба бино ҳамла карданд. Ягон гуруҳи зиддиҳукуматии Афғонистон то ҳол масъулияти ҳамларо бар зимма нагирифтаанд.

​Ҳамлаи мусаллаҳонаи 24 декабр 22-умин ҳодисаи хунини Кобул аз моҳи январи соли равон ба ин сӯ аст. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо беш аз 500 кас ҷон дода, зиёда аз ҳазор нафари дигар захмӣ шуданд. Намояндаи ИМА 20 декабр тасмими президент Доналд Трампро барои ихроҷи 5 ҳазор низомии амрикоӣ аз Афғонистон расман эълом кард. Ин хабар пас аз он нашр шуд, ки Трамп гуфт, ду ҳазор низомии кишвараш Сурияро тарк мекунанд.

XS
SM
MD
LG