Ссылки доступа

Дар Ишқобод фаровонии маҳсулотро "таъмин" мекунанд


Дар бозорҳои солинавии шаҳри Ишқободи Туркманистон дар бораи фаровонии маҳсулот барномаҳои телевизионӣ таҳия мекунанд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, бо наздик омадани ҷашнҳои солинавӣ дар бозорҳо маҳсулот дар воқеъ зиёд шудааст.

"Дирӯз дар бозори Текин тақрибан тамоми рӯз дар бораи фаровонии маҳсулот барнома таҳия карданд", - иттилоъ дод хабарнигор. Ба гуфтаи вай, фаъолшавии расонаҳои маҳаллӣ дар бозорҳои пойтахт ба дастури президенти Туркманистон рабт дорад. Президент дастур додааст, ки фаровонии бозорҳо дар расонаҳо нишон дода шавад.

"Дар боғи шаҳраки 2 назди арча дукончае пур аз маҳсулот кушода шудааст. Онҷо фурушандаҳо ҳам ҳастанд, аммо ҳақ надоранд, ки то 1 январ маҳсулоташонро фурӯшанд. Зеро бояд фаровонии маҳсулот намоиш дода шавад", - гуфт хабарнигори Радиои Озодӣ.

XS
SM
MD
LG