Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон ҳаҷҷи такрориро манъ карданианд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 24 декабри соли 2018. Зарбаи сунами ба ҷазираҳои Индонезия, парвандаи ҷиноии судяи Турсунзода, тақозои ҷуброни бештар барои тахриби ҳавлиҳои хиёбони Саъдии Шерозии пойтахти Тоҷикистон, сайри Душанбеи солинавӣ ва матолиби дигар. (видео)

- Осиё: манъи ҳаҷҷи такрорӣ. Оё мухолифи қирғизро пеш аз муҳлат озод мекунанд? Ӯ гуфт, дархости афв намекунад. Фаъоле дар Алмато масъулони шаҳрдориро ба додгоҳ кашида, мехоҳад, онҳоро ба покиза гардонидани ҳаво маҷбур созад. Дар Тоҷикистон ҳаҷҷи такрориро манъ карданианд. (видеои Настоящее время)

- Яҳудиҳои Тоҷикистон: дар талоши ҳифзи фарҳанг. Ягона каниса ё ибодатгоҳи яҳудиён дар Тоҷикистон ҳамеша омодаи қабули намозгузорон аст, вале шаш сол боз дар онҷо маросими доимии динӣ баргузор намешавад. Дар саросари Тоҷикистон каме беш аз 50 узви ҷомеаи яҳудиён боқӣ мондаанд ва аксари онҳо калонсол ҳастанд (видео)

- "Шаҳраки солинавӣ" дар маркази Душанбе. Дар кӯчаи марказии Душанбе як шаҳраки солинавӣ бунёд шудааст, ки сокинону меҳмонони пойтахтро дар бораи омад-омади Соли нав огоҳ мекунад.
Бозорчае, ки ҳафтаи ҷорӣ арзи ҳастӣ кард, нахустин бор дар пойтахти Тоҷикистон бунёд шуда, ба шаҳракҳои идонаи мардуми Аврупо шабоҳат дорад. (видео)

- Пироҳанҳои мӯд дар соли 2018. Миллӣ ва ё аврупоӣ? Дар Тоҷикистон соли 2018 духтарон умдатан пироҳанҳое ба бар мекардаанд, ки омехтаи усулҳои миллӣ ва аврупоӣ аст. Либосҳои мунаққаши миллӣ умдатан барои ҷашнҳо будаанд. (видео)

- Сокинони як маҳаллаи Душанбе ҷуброни бештар мехоҳанд. Роҳ васеъ шавад, аммо ҷубронашро диҳед. Сокинони ду канори роҳи хиёбони Саъдии Шерозӣ барои амволи тахрибшудаашон ҷубронпулии бештар талаб доранд (видео)

- Парвандаи ҷиноии судя ба суд меравад. Муфаттишони тоҷик таҳқиқи парвандаи ҷиноии як судя ва ё додрасеро анҷом додаанд, ки моҳе пеш президент Эмомалӣ Раҳмон ӯро аз мақомаш барканор кард (видео)

- Соле, ки Мӯъмин Қаноат ва Бозор Собирро аз мо рабуд. Соли 2018 шуморе аз чеҳраҳои саршиноси адабӣ ва илмиву фарҳангии Тоҷикистонро аз мо рабуд -- Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Раҳим Масов, Марат Орипов ва дигарон... (видео)

- Вазъи ғамангези бузургтарин куҳнабозори Ӯзбекистон. (видео)

- Фарзандони мансабдорони Брянскро аз ҳисоби бунёди кумак ба "кӯдакони бемор" ба Туркия бурданд. (видеои Настоящее время)

- Чи гуна Русия муътодони маводи мухаддиро дар Қрим маҳв мекунад. Онҳоро муътод номида, мегӯянд, танҳо мушкил пеш меоранд. (видео аз Директ)

- Қазоқистону Туркманистон барои силоҳ чи қадар харҷ карданд? Қазоқистон дар соли 2017 аз рӯи харҷҳои худ ба хариди силоҳ дар миёни кишварҳои ҷаҳон мақоми 34-умро касб кард. Ин кишвар бо 452 миллион доллар силоҳ харидааст. Арабистони Саудӣ дар ин замина аз ҳама пештоз аст. (Инфографика)

- Омурбек Текебоев гуфт, дархости авф нахоҳад кард (видео аз Директ)

- Писари волидони маъюбро ба ятимхона бурданд. Аммо волидон ӯро баргардонданд (видео аз Директ)

- Дар водии Фарғона навбатпоии мошинҳо барои харидани газ ба 5 км расид(видео)

- Баъди озору азият. Дар Қирғизистон хадамоти кирокашии занона таъсис доданд (Видео) ​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG