Ссылки доступа

Қазоқистон пешниҳод дорад, гумруки Қирғизистон назорати дастаҷамъӣ шавад


Коршиносони бунёди ҷамъиятии Transparency Kazakhstan бар ин назаранд, ки дар гузаргоҳҳои марзии Қирғизистон бояд назорати муштараки кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) роҳандозӣ шавад.

Дар мактубе, ки ин бунёд ба ҳукумати Қазоқистон ирсол кардааст, навишта шудааст, то соли 2020 саҳми Қирғизистон аз пардохтҳои гумрукии ИИАО 1,9%-ро ташкил медиҳад, аммо даромади холиси Қирғизистон аз пардохтҳои гумрукӣ ба маротиб зиёдтар аст. Амалан Қазоқистон, Русия ва Белорус аз ҳисоби пардохтҳои гумрукии худ буҷаи Қирғизистонро сармоягузорӣ мекунанд, менависанд коршиносон.

"Аммо вазъ дар ҳоли бадшавист, зеро Қирғизистон қисме аз даромадҳои гумрукиашро аз ҳисоби воридоти молҳои Чину Туркия пинҳон мекунад. Оморҳои ҷамъовардаи Созмони байналхалқии тиҷорат маблағи 3-4 маротиба зиёдтарро нишон медиҳанд. Ин ҳолат ба пардохтҳои гумрукии ҳамаи кишварҳои узви ИИАО, ба вижа Қазоқистон таъсир мерасонад. Қазоқистон дар соли 2017 масъалаи мазкурро дар ҳузури президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев баррасӣ карда буд", - навишта шудааст дар нома.

Бунёди Transparency Kazakhstan намояндагии миллии созмони байналхалқии "Транспаренсӣ Интернэшнл" аст. Созмони мазкур ба таъмини шаффофияти бештари ҳукумату ҷамъият ва кам кардани сатҳи фасодкорӣ мусоидат мекунад.

Пештар аз ин қирғизистониҳо Хадамоти гумрукро фасодзадатарин ниҳоди давлатӣ номида буданд.

Нашрияи Regnum-и Русия низ дар гузашта омори гумруки Қирғизистонро нашр карда буд. Ба навиштаи он расона, давоми 20 соли охир гумруки Қирғизистон дар ҳаҷми 11,64 миллиард доллар воридоти молро аз Чин сабт кардааст. Аммо гумруки Чин мегӯяд, дар ҳаҷми 61,667 миллиард доллар ба Қирғизистон мол содир кардааст. Фарқияти омори ду кишвар 50 миллиард долларро дар бар мегирад.

Мақомоти Қирғизистон фарқияти омориро дар ченакҳои гуногуни ҳисоби воридору содирот унвон мекунанд.

XS
SM
MD
LG