Ссылки доступа

Отунбоева - президенти пешини Қирғизистон хост, вакили зиндонӣ авф шавад


Роза Отунбоева, президенти пешини Қирғизистон аз Сооронбой Ҷеенбеков, президенти кунунии кишвараш хост, вакили пешини порлумон Омурбек Текебоев авф шавад. Вай ҳамчунин аз роҳбарони ҷиноҳҳои порлумонӣ даъват кард, ки ба дархости вай ҳамроҳ шаванд.

Муроҷиат ба Ҷеенбековро бунёди ҷамъиятии "Ташаббуси Роза Отунбоева" нашр кард.

Отунбоева мегӯяд, қонун "Дар бораи усулҳои умумии авф ва бахшиши гуноҳ" эътирофи гуноҳ ва пушаймониро шарт намегузорад. Ба гуфтаи вай, қонун роҳбари давлатро вазифадор намекунад, ки танҳо дар сурати дархости шахсии зиндонӣ авф содир кунад.

Бо такя ба моддаҳои қонун президенти пешин зикр кардааст, ки роҳбари давлат ҳақ дорад, ҳар зиндониеро бе дархости шахсӣ авф кунад.

Роза Отунбоева бар ин назар аст, ки парвандаи ҷиноии "сохтакорона" зидди Омурбек Текебоев ҳамчун "ҳодисаи сангинтарини поймолсозии усулҳои фундаменталии адолати додгоҳӣ ва ҳабси ғайриқонунии инсони бегуноҳ" дар таърих сабт шудааст. "Ин иқдоми бадбинонаи беадолатона ҳамчун ҳодисаи фаромӯшношудании ҳукмронии Алмосбек Отамбоев боқӣ хоҳад монд", - омадааст дар дархост.

Пештар аз ин Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, омадааст, ки танҳо дар сурати муроҷиати шахсӣ Омурбек Текебоевро авф кунад. Текебоев посух дод, тасмим надорад, дархости авф кунад.

XS
SM
MD
LG