Ссылки доступа

2018: дар Русия нархҳо назар ба ИА 3,3 баробар боло рафтанд


Бино ба иттилои Хадамоти федеролии омори давлатии Русия, аз моҳи январ то моҳи ноябри соли 2018 нархи маҳсулот дар ин кишвар назар ба Иттиҳоди Аврупо (ИА) 3,3 баробар тезтар боло рафтааст.

Маҳсулоти ғизоӣ дар ин давра дар Русия 3,3% ва дар ИА 1% гарон шудааст.

Нархҳо дар Русия аз ҳама бештар дар моҳи ноябр боло рафтаанд. Дар ин моҳ нархи маҳсулоти ғизоӣ дар фурӯшгоҳҳои Русия якбора 1,2% қимат шуда, вале дар ИА баръакс, 0,1% поин рафтаанд.

Дар Русия аз ҳама бештар гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, шакар, маҳсулоти ширӣ, панир ва тухм гарон шудааст.

XS
SM
MD
LG