Ссылки доступа

"Барои ҳақиқат бояд талош кард" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ҳолу ҳавои солинавӣ. То Соли нав рӯзҳои ба шумор боқӣ монд. Бишкек ба ин ҷашн чи гуна омода мешавад (нигористон)

- Сокинон аз паёми раиси ҷумҳур чӣ интизорӣ доранд? Бархе аз сокинон гуфтанд, ки мехоҳанд раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми имсолаи худ ба порлумон бештар ба масъалаи кишоварзӣ, ҳимоят аз муҳоҷирон, сабукӣ ба соҳибкорон, кам кардани андоз, наҷоти синфи миёна, озодии бештар ба расонаҳо ва кумак ба матбуоти даврӣ тамаркуз кунад (видео)

- Саида Рустамова: "Барои ҳақиқат бояд талош кард". "Ҳақ ба ҷониби ҳақдор аст ва барои ҳақиқат бояд талош кард". Ин паёми як устоди рақс аз Тоҷикистон аст, ки соле пеш барои гӯш надодан ба паёми солонаи президент дар коргоҳ, аз кор ронда шуд (видео)

- "Нафақаи кам доданд, аз кор ихтисор карданд" – Нақзи ҳуқуқ дар соли 2018. Бархе аз сокинони Тоҷикистон гуфтанд, ки имсол ҳуқуқи онҳо бештар дар робита ба пӯшидани либос, дарёфти нафақаи муносиб, ихтисор аз ҷойи кор, озодии сухан ва дастнорасии вебсайтҳо нақз шудааст (видео)

- Яҳудиҳои Тоҷикистон: дар талоши ҳифзи фарҳанг. Ягона каниса ё ибодатгоҳи яҳудиён дар Тоҷикистон ҳамеша омодаи қабули намозгузорон аст, вале шаш сол боз дар онҷо маросими доимии динӣ баргузор намешавад. Дар саросари Тоҷикистон каме беш аз 50 узви ҷомеаи яҳудиён боқӣ мондаанд ва аксари онҳо калонсол ҳастанд (видео)

- Консулгарии Чин муроҷиати қазоқҳоро қабул накард. Намояндагони созмони ҷамъиятии «Ел-аманат» мехостанд, мактуберо дар бораи фишор ба ақалиятҳои миллӣ дар минтақаи Шинҷон ба консулгарии Чин дар шаҳри Алматои Қазоқистон супоранд. Намояндагони дипломатии Чин мактубро қабул накарданд (видео)

- Бузургтарин бозори майдафурӯшии Ӯзбекистон ҳоли табоҳе дорад (видео)

- Кӯдакони мансабдорони Брянскро бо маблағи бунёди хайрияи "кӯдакони дорои бемории вазнин" ба тамошои Туркия фиристоданд (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG