Нуралӣ Киясов, Арман Кудайбергенов ва Жанар Толибоева дар курсии ҷавобгарӣ нишастаанд. Дар ҷаласаи додгоҳ ҷониби ҷабрдида суханронӣ кард. Айбдоршавандаҳо аз судя хостанд, акс гирифтан аз онҳо иҷозат дода нашавад. Судя ин дархостро қонеъ кард.
"Мо бар ин назарем, ки далелҳои дар парванда ҷо дошта хилофи ҳамдигаранд ва баёнгари он аст, ки куштори мазкур фармоишӣ будааст. Ба ҳамин далел бояд ҳамдастони дигари ин ҳодиса ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванд", - гуфт вакили мудофеъ Нурлан Устемиров.
Қарор аст, ҷаласаи навбатии додгоҳӣ 3 январи соли 2019 баргузор шавад.
Денис Тен ҳангоми ғорати мошинаш аз сӯи чанд ҷавон маҷруҳ шуд. Ба иллати хунравии зиёд табибон натавонистанд ӯро наҷот диҳанд. Парвандаи ҷиноии куштори Денис Тен 39 ҷилдро ташкил медиҳад.
Денис Тен дорандаи медали биринҷии Қаҳрамони ҷаҳон-2013, дорандаи медали Бозиҳои олимпии Сочӣ ва ғайра буд.