Ссылки доступа

Яҳудиҳои Тоҷикистон дар талоши ҳифзи фарҳанг (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 25 декабри соли 2018 Сарнавишти норӯшани 345 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия ва беш аз 200 ҳазор нафари аз он кишвар ихроҷшуда дар Тоҷикистон, мактаб барои атфоли муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва назари вазири маорифи Тоҷикистон ба таҷлили Соли нав. (видео)

- Сокинон аз паёми раиси ҷумҳур чӣ интизорӣ доранд? Бархе аз сокинон гуфтанд, ки мехоҳанд раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми имсолаи худ ба порлумон бештар ба масъалаи кишоварзӣ, ҳимоят аз муҳоҷирон, сабукӣ ба соҳибкорон, кам кардани андоз, наҷоти синфи миёна, озодии бештар ба расонаҳо ва кумак ба матбуоти даврӣ тамаркуз кунад (видео)

- Саида Рустамова: "Барои ҳақиқат бояд талош кард". "Ҳақ ба ҷониби ҳақдор аст ва барои ҳақиқат бояд талош кард". Ин паёми як устоди рақс аз Тоҷикистон аст, ки соле пеш барои гӯш надодан ба паёми солонаи президент дар коргоҳ, аз кор ронда шуд (видео)

- "Нафақаи кам доданд, аз кор ихтисор карданд" – Нақзи ҳуқуқ дар соли 2018. Бархе аз сокинони Тоҷикистон гуфтанд, ки имсол ҳуқуқи онҳо бештар дар робита ба пӯшидани либос, дарёфти нафақаи муносиб, ихтисор аз ҷойи кор, озодии сухан ва дастнорасии вебсайтҳо нақз шудааст (видео)

- Яҳудиҳои Тоҷикистон дар талоши ҳифзи фарҳанг. Ягона каниса ё ибодатгоҳи яҳудиён дар Тоҷикистон ҳамеша омодаи қабули намозгузорон аст, вале шаш сол боз дар онҷо маросими доимии динӣ баргузор намешавад. Дар саросари Тоҷикистон каме беш аз 50 узви ҷомеаи яҳудиён боқӣ мондаанд ва аксари онҳо калонсол ҳастанд (видео)

- Осиё: ҷузъиёти нави парвандаи куштори Денис Тен. Вакили дифои модари Денис Тен мегӯяд, куштор варзишкори маъруфи қазоқ фармоишӣ буд. Чаҳор куштори кӯдакон дар як моҳ - таваҷҷуҳи мақомоти Қирғизистон ба вазъи хонаводаҳои муҳоҷир. (видео Настоящее время)

- Кӯшиши роҳандозии дубораи ҳаракати қатора дар масири Ҷалолобод-Андиҷон. (видео аз Қирғизистон)

- Руҳияи солинавӣ. То Соли нав рӯзҳои башумор мондааст. Чи гуна Бишкек Соли навро пешвоз гирифтанист. (нигористон)

- Абаев: "бо "Квант"-и русӣ ҳеч гуна ҳамкорие надорем". Вазири иттилооти Қазоқистон Даурен Абаев хабарҳо дар бораи онро рад кард, ки гӯиё "Квант", ширкати марбут ба ФСБ-и Русия дар бунёди низоми мониторинги шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин кишвар иштирок дорад. (видео)

- Белорус бе "кишвари бародар". Чи гуна Минск ба хотири нафт бо Москва ҷанҷол кард. (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG