Ссылки доступа

Туркманистон шабакаи иҷтимоии худро фаъол кард


Дар Туркманистон нахустин шабакаи иҷтимоии миллӣ бо номи "Биз бярде" (Мо инҷоем) расман мавриди истифода қарор гирифт.

Ба иттилои сомонаи нимарасмии "Ориент"-и Туркманистон, шабакаи иҷтимоии "Биз бярде" 23 декабр дар доираи барномаи консертии навозандагони ҷавони туркман дар толори “Туркманистон” рӯнамоӣ шуд.

“Мо болои ин тарҳ хеле кор кардем, то ба корбарон писанд ояд ва бо мушкилиҳои зиёде рӯбарӯ шудем. Албатта, "Биз бярде" беҳамто нест, вале сифати он аз шабакаҳои иҷтимоии дигари маъруф дар Туркманистон кам ҳам нест”, - иқтибос овардааст “Ориент” аз суханони раҳбари маркази продюсерии "Сунгат эсерӣ" Азиза Бекназарова.

Бино ба хабарҳо, аллакай барномаро беш аз 5 ҳазор одам боргирӣ карда, дар ҳоли ҳозир, зиёда аз 3 ҳазор кас онро истифода мекунанд.

Дар Туркманистон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии маъруфи ҷаҳонӣ аз қабили Facebook, Twitter ва Instagram феълан маҳдуд аст. Корбарон маҷбуранд, аз филтршиканҳо истифода кунанд. Онҳое, ки аз филтршиканҳо истифода мекунанд, дар бештари маврид аз Интернет маҳрум ё барои “суҳбат” ба хадамоти махсус даъват мешаванд.

Туркманистон аз зумраи кишварҳоест, ки интернети сусттарину гаронтарин дар ҷаҳонро дорад. Дар ин кишвар чандин сомонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла сомонаи Радиои Озодӣ ва YouTube бастаанд.

XS
SM
MD
LG