Ссылки доступа

Трамп: то ҳалли масъалаи девор, "шатдаун" амал мекунад


Дар ИМА то кунун имкони бартарафсозии сабабҳои қисман баста шудани ҳукумати федеролӣ фароҳам нагардидааст.

Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи сешанбе гуфт, ҷараёни маъруф ба "шатдаун" то замони ҳал шудани масъалаи сармоягузории сохтмони девор дар марз бо Мексика, идома хоҳад кард.

Хабаргузории "Садои Амрико" иттилоъ медиҳад, ки чаҳоряки муассисаҳои давлатӣ фаъолияти худро қатъ карданд. Қисман баста шудани ҳукумат ба бештар аз 800 ҳазор ходими федеролӣ таъсир мерасонад, ки бештар аз нисфи онҳо бе дарёфти маош фаъолияташонро идома медиҳанд.

Ҳалли баҳси буҷаро Конгресс ва президент Трамп танҳо баъди таҷлили ҷашнҳои солинавӣ метавонанд идома диҳанд. Ҷаласаи навбатии Сенат рӯзи панҷшанбе таъйин шудааст.

Сармоягузории сохтмони девор дар марзи ИМА бо Мексика - масъалаи меҳварии баҳс аст. Президент мехоҳад, Конгресс барои марҳилаи аввали сохтмон 5,7 миллиард доллар ҷудо кунад. Ин тарҳ дар маҷмуъ бештар аз 20 миллиард доллар харҷ хоҳад дошт. Дар ҷараёни маъракаи интихоботиаш Трамп ваъда дода буд, ки харҷи деворро аз Мексика хоҳад рӯёнид.

Конгресс талаби президентро дар бораи ҷудо кардани маблағ рад кард. Трамп бовар дорад, ки ин девор дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ муассир хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG