Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон 300 рӯзи дастгирии соҳибкориро эълон кард


Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 26-уми декабр 17-умин паёмаш ба порлумони кишварро ироа кард.

Зимни пешниҳоди ин паём, ки ҳудуди ду соат идома кард, ӯ ба тавсеаи иқтисодӣ, аз ҷумла саноатӣ кардани Тоҷикистон, рушди бахши энержӣ, таъмини фазои озодӣ сармоягузорӣ, ҳамчунин ислоҳот дар бахши маорифу беҳдошт, нақши занону ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ таъкид намуд.

Ба ҳадафи пуштибонӣ аз бахши соҳибкорӣ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ гуфт, ки дар кишвар 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузоӣ амалӣ карда мешавад. Оқои Раҳмон дастур дод, ба ҳадафи бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ ва таъмини муассири хизматрасонии давлатӣ ба соҳибкорон, тарҳи қонун "Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ" таҳия ва пешниҳод шавад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин росто гуфт, ки солҳо 2019 ва 2020 тамоми санҷишҳо дар фаъолияти соҳибкорони Тоҷикистон аз сӯи Додситонии кулл ва Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, манъ карда мешавад. Ба ин манзур, Эмомалӣ Раҳмон ба Додситонии кулл дастур дод, ки нисбати ҳамаи мақомот, ки ба фаъолияти соҳибкорон мудохила мекунанд, чораҷӯӣ кунад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми декабр дар паёми худ пешниҳод намуд, ки саноатикунонии кишвар ҳадафи чаҳоруми стратегӣ эълон карда шавад. То ба ҳол таъмини амнияти ғизоӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва даст ёфтан ба истиқлолияти энержӣ, аз се ҳадафи муҳими ҳукумати Тоҷикистон номбар мешуд.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, соли 2019 рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 7 дарсад расонида мешавад ва то соли 2030 саҳми саноат дар рушди кишвар бояд ба 22 дарсад расонида шавад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон гуфт, ки дар чаҳор соли ахир ҷалби сармояи хориҷӣ коҳиш ёфтааст ва бинобар ҳамин ба Бонки милии Тоҷикистон дастур дод, ки ҳаҷми сармоягузории соҳибкоронро афзоиш диҳад, зеро дар соли ҷорӣ танҳо ба маблағи 7,5 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки хеле кам аст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон пешниҳод кард, ки соли оянда воридоти ашёи хом аз боҷи гумрукӣ ва андозҳо озод карда шавад. Ба гуфтаи вай, ҳоло дар бозор 64 дарсади ҳаҷми онро пули нақд ташкил медиҳад, ки хеле зиёд аст. Ба иттилои раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло аҳолии кишвар ба 9,1 миллион расида, синни миёнаи сокинон ба 75 сол расидааст. Ба иттилои вай, то соли 2030 аҳолии кишвар ба 10 миллион мерасад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон феълан дар ҷаҳон аз лиҳози тавлиди нерӯи барқи "тоза" дар ҷойи 6 қарор дорад. "Баъд аз пурра ба кор даровардани нерӯгоҳи "Роғун" Тоҷикистон метавонад ба ҷойи 1 ё дувум барояд. Ин саҳми Тоҷикистон дар раванди ҳифзи муҳити зист дар ҷаҳон аст",-афзуд вай.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки давоми ду соли ахир лимити барқ дар саросари кишвар аз байн рафта ва Тоҷикистон тавонист ба берун аз кишвар барқ содир кунад. Вай гуфт, ки бо такмил шудани нерӯгоҳи "Роғун" ва татбиқи тарҳи минтақавии КАСА, иқтидори содиротии барқи Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба ислоҳот дар заминаи соҳаи маориф даъват намуд ва пешниҳод кард, ки ҳамаи устодони муассисаҳои омӯзишӣ ҳар се сол як маротиба аз аттестасия гузаранд. Норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва сатҳи пасти таълим дар мактабҳову донишгоҳҳоро Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти аслии арсаи маориф донист.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон омӯзиши забони англисӣ ва русиро аз омилҳои рушди ҷаҳонбинии ҷавонон номид ва пешниҳод кард, ки соатҳои дарсии ин забонҳо дар мактабҳо афзоиш дода шаванд. "Барои он, ки дар сафи кишварҳои мутаммадин ҷой гирем, бояд сатҳи маърифатнокии ҷомеа баланд бошад",-афзуд ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хостори сохтмони бештари кӯдакистонҳо дар кишвар шуд. Вай ба раҳбарони вилоятҳо дастур дод, ки то соли 21 1050 кӯдакистон, асосан дар манотиқи деҳот сохта шавад ва 30 дарсади кӯдакони кишвар дар ин боғчаҳо тарбият гиранд. Ба гуфтаи вай, танҳо дар соли ҷорӣ 151 кӯдакистон бунёд шудааст.

Бархе аз сокинон қабл аз ироаи паём гуфтанд, ки мехоҳанд раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми имсолаи худ ба порлумон бештар ба масъалаи кишоварзӣ, ҳимоят аз муҳоҷирон, кам кардани андоз, наҷоти синфи миёна, озодии бештар ба расонаҳо ва кумак ба матбуоти даврӣ тамаркуз кунад.

XS
SM
MD
LG