Ссылки доступа

Дороии мусодирашудаи Шодиев - вакили пешини Қирғизистон - $25 млнро ташкил медиҳад (рӯйхат)


Расонаҳои маҳаллии Қирғизистон номгӯи дороиҳои вакили пешини порлумони ин кишвар Аскарбек Шодиев ва наздиконашро нашр карданд, ки дар асоси қарори додгоҳ мусодира мешаванд.

Дар ин номгӯ амволи зер шомил шудааст: истироҳатгоҳи "Карвен чаҳор фасл", 33,33% сармояи оинномавӣ; "Аква Инвест Плюс", 50% сармояи оинномавӣ; "Карвен Групп", 50% сармояи оинномавӣ; хонаи истиқоматӣ (№14), маҷмааи истиқоматии "Ала-Арча", деҳаи Орто-Сойи ноҳияи Аламудин; хонаи истиқоматӣ, контур (№19); идораи корӣ дар шаҳри Бишкек, хиёбони Манас 11/1; мошини навъи "Тойота Лэндкрузер 150"; маблағ дар ҳаҷми 5954 доллар аз бонкҳои тиҷоратӣ; маблағи 57 069 доллари ИМА аз бонкҳои тиҷоратӣ, ки ба ҳамсари Шодиев - Асел Шодиева тааллуқ доранд; "Трейд Инвест" (маркази тиҷорӣ-фароғатӣ дар "Ала-Арча"), 100 дарсади сармояи оинномавӣ ва ғайра.

Арзиши умумии амвол ва дороие, ки аз Аскарбек Шодиев ва наздиконаш мусодира мешавад, бештар аз 25 млн долларро ташкил медиҳад.

Додгоҳе дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Аскарбек Шодиевро 25 декабр ғоибона 10 сол аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳ ҳамчунин ҳукми мусодираи амволи ӯро содир кард. Шодиев дар "убури ғайриқонунии марз" ва "сӯистифода аз мақоми хизматӣ" айбдор шуд.

Додситонии кулли Қирғизистон 28 апрели соли ҷорӣ нисбати Шодиев парванда боз карда буд. Дар ибтидо дуздии 30 ҳазор доллари барои ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов ҷудошуда боиси боз гардидани парванда шуд. Баъдтар хабар расид, ки Аскарбек Шодиев 27 апрел марзи давлатиро дар деҳаи Аркаи вилояти Бодканди ҳаммарз бо Тоҷикистон ғайриқонунӣ убур карда, аз онҷо ба Амрико рафтааст.

XS
SM
MD
LG