Ссылки доступа

Қирғизистон майори фирорӣ Шамсиддиновро ба Тоҷикистон истирдод кард


Қирғизистон як муфаттиши пешини тоҷикро, ки ба шиканҷаву бадрафторӣ айбдор мешавад, ба Тоҷикистон истирдод кард. Шуҳрат Шамсиддинов, майори милиса ва муфаттиши пешини Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, ки баъди як соли фирор дар кишвари ҳамсоя дастгир шуд, моҳи ноябр истирдод шудааст.

Дар ин бора як манбаъ дар мақомоти интизомӣ 26 декабр хабар дод. “Ӯро чанде пеш ба Хуҷанд бозпас фиристоданд ва ҳоло дар боздоштгоҳи рақами 2 дар шаҳри Хуҷанд нигаҳ дошта мешавад”, – гуфт мусоҳиби мо.

Шуҳрат Шамсиддинов ба он айбдор мешавад, ки соли 2017 баъди дастгир кардани Комил Хоҷаназаров, сокини 31-солаи ноҳияи Ашт бо ду муфаттиши дигар ӯро азобу шиканҷа дода, маҷбур кардаанд, ки айби узвият дар Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро эътироф намояд.

Хоҷаназаров, фарзанди яке аз кормандони додгоҳи Аштро тобистони соли 2017 дастгир ва пас аз чанд рӯз озод карданд. Баъди раҳоӣ аз боздошт, Хоҷаназаров дар як сабти садоӣ нақл кард, ки муфаттишон ҳангоми бозпурсӣ ӯро азобу шиканҷа додаанд. Комил Хоҷаназаров, ки баъд аз чанд муддати раҳоӣ худро кушт, дар навор гуфт, муфаттишон ҳатто таҳдид карданд, ки ӯро таҷовуз мекунанд.

Баъди ошкор шудани навор мақомоти Тоҷикистон ба зидди Латифҷон Юлдошев – муфаттиши собиқи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва Муҳаммад Наимов – корманди пешини шуъбаи амният дар ноҳияи Ашт ва Шуҳрат Шамсиддинов парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ду нафар дастгир шуданд ва майори милиса фирор кард.

Баъдан моҳи июн Латифҷон Юлдошев ва Муҳаммад Наимов бо гуноҳи шиканҷа ва боздошти ғайриқонунӣ мутаносибан ба 13 ва 12 соли зиндон маҳкум шуданд.

XS
SM
MD
LG