Ссылки доступа

Президенти Ӯзбекистон ба волидони сегоникҳо - Шавкат, Миромон ва Мирзиё мошин туҳфа кард


Ба волидони сегоникҳо, ки дар шаҳри Тошканд таваллуд ва ба ифтихори президент Шавкат, Мирамон ва Мирзиё номгузорӣ шуданд, мошини навъи "Кобалт" туҳфа карданд. Дар ин бора расонаҳои Ӯзбекистон 25 декабр хабар доданд.

Ба ин хонавода ҳамчунин аз номи президент Шавкат Мирзиёев чанд туҳфаи дигар тақдим карданд.

Дар хонаводаи Руслан Корёгдиев ва Моҳигул Шайқулова 18 декабр сегоник таваллуд шуд. Ба гуфтаи наздикони ин хонавода, Руслан ва Моҳигул фарзандонашонро ба ифтихори президент номгузорӣ кардаанд.

Як сол пеш аз ин Мансурбек Матҷонов аз вилояти Хоразми Ӯзбекистон се фарзандашро Шавкат, Мирамон ва Мирзиё номгузорӣ кард. Моҳи апрели соли 2017 Ҷамшед Шодиев ҳам аз Бухоро фарзандонашро чунин ном гузошта буд.

Анъанаи номгузории навзодон ба ифтихори президент дар даврони роҳбарони пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов шуруъ шуда буд. Дар даврони роҳбарии вай чанд хонавода фарзандонашонро дар пайравӣ аз ному насаби президент ном мемонданд.

XS
SM
MD
LG