Ссылки доступа

Содироти маҳсулоти ғизоӣ аз Ишқобод ба навоҳии Туркманистон манъ шуд


Мақомоти Ишқобод дар пайи назорати сахти фурӯши маҳсулоти ғизоӣ дар бозору фурӯшгоҳҳои давлатӣ санҷиши мошинҳоеро низ оғоз карданд, ки аз пойтахти Туркманистон ба шаҳру ноҳияҳои дигар ҳаракат мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир, дар бозорҳои "Алемгошар", "Текинский" ва марказҳои дигари савдои Ишқобод гуруҳҳои "нозир"-е аз ҳисоби кормандони пулис ва хадамоти махсус пайдо шудаанд. Як гуруҳ фурӯши маҳсулот бо нархи муайянкардаи мақомотро назорат карда, гуруҳи дигар намегузорад, ки касе вазъ дар бозорҳо, аз ҷумла навбатпоиҳоро акс ё ба навор гирад.

"Дар болои сари ҳар панҷ фурӯшанда як нозир аст. Бархеи онҳо кормандони пулисанд ва бархеи дигар либоси мулкӣ доранд. Онҳо тамоми рӯз байни рафҳо мегарданд. Фурӯшандаҳо мегӯянд, баъзе аз нозирон рутбаҳои майор ва подполковник доранд", - иттилоъ дод хабарнигори мо.

Кормандони пулис дар баробари назорати фурӯши маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои Ишқобод ҳамчунин мошинҳоеро низ дошта, тафтиш мекунанд, ки аз пойтахт ба ноҳияҳо мераванд.

"Пештар дар постҳо як-ду корманди пулис меистод. Ҳоло шумораашон ба шаш нафар афзоиш ёфтааст. Чаҳор тани онҳо либоси мулкӣ ва бо худ саг доранд. Агар дар мошин маҳсулотеро пайдо кунанд, ки барои як хонавода зиёд аст, санад тартиб дода, мусодира мекунанд", - афзуд хабарнигор.

Як корманди пулиси Ишқобод ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ба онҳо дастур шудааст, ки нагузоранд аз пойтахт ба дигар минтақаҳо маводи ғизоӣ бурда шавад. Зеро маҳсулоти ғизоӣ ба ҳар минтақа алоҳида тақсим мешавад.

XS
SM
MD
LG