Ссылки доступа

Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳам трансформатор мебароранд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 26 декабри соли 2018. Паёми солонаи Президенти Тоҷикистон, муборизаи муаллимаи мусиқӣ барои ҳифзи номи нек, ҳамлаи даҳшатафканон ба вазорати умури хориҷии Либия, афзоиши худкушӣ дар Тоҷикистон ва муроҷиати овозхон Даниэл Рустамов ба ҳаводоронаш. (видео)

- Соҳибкори тоҷик: "Тафтиш кунанд, аммо ғам надиҳанд". Бархе аз моликони корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон аз манъ шудани ҳамагуна тафтиш ва дахолат ба кори онҳо дар ду соли оянда оҳи сабук кашидаанд. Вале мегӯянд, ки бояд ҳукумат ҷараёни татбиқи дастури раиси ҷумҳурро ҷиддӣ назорат кунад, то гап дигару амал дигар набошад (видео)

- Даниел Рустамов: Интизори муъҷиза ҳастам. ​Рустам Бегалиев, сокини шаҳри Душанбе, пеш аз ҳунарнамоии писараш Даниел дар барномаи бонуфузи телевизионии Русия, ӯро рӯҳбаланд ва ба пирӯзӣ ташвиқ мекунад (видео)

- Нахустин вокунишҳо ба паёми Эмомалӣ Раҳмон. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои дастгирӣ ё ҳимоят аз соҳибкорон 300 рӯзи ислоҳот эълон кард (видео)

- Марҳабо, Фариза, Фарзона... Афзоиши худкушӣ дар соли 2018. Танҳо дар нуҳ моҳи соли 2018 тақрибан чиҳил духтари ноболиғ худкушӣ карда ва бештари онҳо асрори чунин амали худро ба хок бурдаанд. Марҳабо Алимардонова, сокини рустои Навзамини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, яке аз онҳост (видео)

- Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳам трансформатор мебароранд. Дар Хуҷанд корхонаи муштараки трансформаторбарории ду кишвар боз хоҳад шуд. Ҳоло корҳои сохтмонии ин корхона дар назди ширкати "Хуҷандторгмаш" ба марҳалаи поёнӣ расидааст. (видео)

- Украина ҳолати низомиро бекор кард. (видео Настоящее время)

- Ҳамоиши эътирозӣ ба ҷонибдорӣ аз мусулмонони Чин. Фаъолони қазоқ 26 декабр ба ҳимоят аз мусулмонони чиние ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд, ки дар урдугоҳҳои бозтарбияи ватани худ нигаҳдорӣ мешаванд. Дар ҳамоиш каме бештар аз даҳ одам иштирок доштанд. (нигористон)

- Раҳбари Клинтсӣ пули бунёди хайрияро, ки ба боздиди фарзандони мансабдорон аз Туркия сарф шуд, баргардонд. Шаҳрдори Клинтсӣ Олег Шкуратов гуфт, харҷи боздиди кӯдакони мансабдорон аз Туркияро шахсан ба бунёди хайрия пардохт кардааст. Дар миёни ин кӯдакон духтари шаҳрдор низ буд. (видео аз Директ)

- Зебосанами қазоқро барои либоси нимаурёнаш латту кӯб карданд (видеои Настоящее время)​

- Белорус бе "кишвари бародар". Чи гуна Минск ба хотири нафт бо Москва ҷанҷол кард. (видеои Настоящее время)

- Талошҳо барои барқарор кардани ҳаракати қатора дар масири Ҷалолобод - Андиҷон (видео)

- Ҳолу ҳавои солинавӣ. То ҷашнҳои солинавӣ рӯзҳои башумор мондааст. Бишкек чи гуна ба Соли нав омода мешавад (нигористон)

- Онҳое, ки моро тарк карданд. Бахши қазоқиии Радиои Озодӣ аз онҳое ёд мекунад, ки соли 2018 моро тарк карданд (видео)

- Роҳбарони ҷаҳонӣ дар СММ. Пурҷилотарин лаҳзаҳои Маҷмаи кулли СММ дар соли 2018 (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG