Ссылки доступа

Се сиёсатмадори қирғиз президенти пешинро ба додгоҳ кашиданд


Дар Қирғизистон сиёсатмадорон Азимбек Бекназаров, Аҳмадбек Келдибеков ва Кенешбек Дуйшобоев президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ва телевизиони "Апрел"-ро ба додгоҳ кашида, 18 млн сом ($257000) ҷуброн талаб доранд.

Мудири "Апрел" Дмитрий Ложников дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар дод, ки сиёсатмадорони қирғиз аз телевизион ва Отамбоев 9-миллионсомӣ талаб доранд.

Раиси пешини порлумони Қирғизистон Аҳмадбек Келдибеков ахиран дар суҳбат бо телевизиони "NUR TV" гуфта буд, ки тасмим дорад, Отамбоевро барои изҳороти ахираш ба додгоҳ кашад.

"Дар суханрониаш вай шаъну шарафи одамро паст мезанад. Ман ӯро барои иснод оварданаш ба номи ман, ба додгоҳ мекашам. Агар вай ҳарфҳояшро дар додгоҳ исбот накунад, ман талаб мекунам, ки вай ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад", - изҳор дошт Келдибеков.

Алмосбек Отамбоев 10 декабр дар суҳбат бо "Апрел" гуфт, ки Аҳмадбек Келдибеков дар фаъолиятҳои фасодолуд даст дорад.

"Мехоҳанд одамонро нобино кунанд. Мехоҳанд, нишон диҳанд, ки миёни сарвати аз роҳи ҳалол ба даст омада ва сарвати дуздидашуда фарқияте нест. Ҳамон Келдибекову Тюлеев фарёд мезананд, ки "бояд Отамбоев ҳабс шавад", ҳамонҳое ки ҳангоми корашон дар сохторҳои давлатӣ ба сарватмандӣ расиданд. Киро бояд ҳабс кард? Касонеро, ки бо ғорати давлат ба сарватмандӣ расиданд, ё касеро ки бо меҳнати ҳалол сарват ба даст оварда, дар замини аҷдодиаш хона сохтааст? Ҳукумати феълӣ, мебинам, ки бо дуздону туҳматгарон забон як кардааст. Ва ҳатто аз онҳо ҳимоят мекунад, ки албатта, мояи ҳайрат аст", - гуфта буд Отамбоев.

Келдибеков моҳи декабр ҳамчунин зидди сомонаи Kyrgyztoday.kg ба додгоҳ шикоят бурда, 1 млн сом (ҳудуди 14 ҳазор доллар) ҷуброн талаб дорад. Ба гуфтаи сиёсатмадор, матлаби сомона шаъну шарафи ӯро паст задааст.

XS
SM
MD
LG