Ссылки доступа

Қаҳрамони мутлақи ҷаҳон аз шоҳмотбози навҷавони Ӯзбекистон шикаст хӯрд


Шамсиддин Воҳидов, шоҳмотбози 16-солаи ӯзбекистонӣ қаҳрамони мутлақи ҷаҳон Магнус Карлсенро шикаст дод, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.

Магнус Карлсен дар доираи мусобиқаи ҷаҳонӣ ду даври аввалро бохт. Дар даври аввал вай аз шоҳмотбози украин Адам Тухаев ва дар даври дувум аз Шамсиддин Воҳидов шикаст хӯрд.

Карлсен дар ин мусобиқа таҳти рақами 1 иштирок мекард. Шамсиддин Воҳидов дар мусобиқа дар мақоми 188 қарор дошт. Воҳидов дар 14-солагиаш дар мусобиқаи наврасон қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.

Воҳидов дар олимпиадаи шоҳмот, ки аз 24 ноябр то 3 декабри соли ҷорӣ дар Туркия баргузор шуд, медали тило ба даст овард.

Магнус Карлсени 28-сола 16-умин қаҳрамони феълии ҷаҳон дар шоҳмотбозӣ ва нахустин қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар таърихи шоҳмот аст. Вай соли 2013 ин унвонҳоро соҳиб ва то кунун ҳифз кардааст.

XS
SM
MD
LG