Ссылки доступа

Вазорати дифоъ нахост, рутбаҳои ҳарбӣ ба тоҷикӣ баргардон шаванд


Вазорати дифои Тоҷикистон пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳотро дар мавриди тарҷумаи рутбаҳои ҳарбӣ ба забони тоҷикӣ комилан рад кардааст. Қаблан Кумитаи забону истилоҳот пешниҳод карда буд, ки барои мисол, “полковник” “сарлашкар” ва “подполковник” “лашкарёр” тарҷума шавад.

Мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон дар номаи ҷавобӣ ба Кумитаи забон навиштаанд, ки рутбаҳои ҳарбӣ "истилоҳҳои байналмилалӣ ҳастанд ва зарурат ба тарҷумаи онҳо нест".

Абдураҳим Зулфониён, сардори шӯъбаи танзими Кумитаи забон, рӯзи 27-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, посухи Вазорати дифоъ ҳафтаи гузашта дарёфт шуд. Ба қавли ӯ, ҷониби Вазорати дифоъ тарҷумаи рутбаҳои ҳарбиро ба забони тоҷикӣ “нодуруст шумурдааст”.

Зулфониён гуфт, "инчунин, дар нома зикр шудааст, ки ба хотири камбуди буҷети вазорат татбиқи он мушкил пеш меорад".

Ба гуфтаи ин масъули Кумитаи забон, онҳо умед доранд, ки мақомоти сохтори низомӣ дар солҳои баъдӣ ба қабули пешниҳод омода мешаванд. Ӯ гуфт, "Бубинед, рутбаҳои “старшина”, “командир”, “рота”, фармонҳои ҳарбие ба монанди "налево" - ба тарафи чап ва "направо" - ба тарафи рост – истилоҳҳои байналмилалӣ нестанд ва ба забони русӣ тааллуқ доранд. Хуб, мо ин феҳрастро ҳифз мекунем. Шояд имсол неву солҳои дигар ба кор ояд”, - хулоса кард Абдураҳим Зулфониён.

Кумитаи забон ва истилоҳот мегӯяд, барои тарҷума ва мувофиқ кардани рутбаҳои ҳарбӣ ба тоҷикӣ аз сарчашмаҳо ва китобҳои таърихи даврони Ҳахоманишиҳо, Сосониҳо ва Сомониён истифода намудаанд.

Масъалаи баргардони рутбаҳои ҳарбӣ ба забони тоҷикӣ борҳо дар саҳифаҳои матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст.

Генерали мустаъфӣ Амирқул Азимов, дабири пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон, рӯзи 27-уми декабр гуфт, ки дар ин баҳс аз мавқеи Вазорати дифоъ пуштибонӣ мекунад. Вале генерал Нуралишо Назаров, муовини пешини раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ мегӯяд, Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол аст ва бояд ҳамаи коргузориаш ба забони тоҷикӣ бошад.

XS
SM
MD
LG