Ссылки доступа

Трамп ба суолҳои додситони махсуси ИМА дигар посух намедиҳад


Президент Доналд Трамп ба суолҳои додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер дар бораи эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи президентии соли 2016 дигар посух намедиҳад.

Ин нуктаро вакили дифои президенти ИМА Рудолф Ҷулианӣ дар суҳбат бо Hill TV баён дошт. Ҷулианӣ гуфт, раҳбари Кохи сафед ба гуруҳи додситон иттилои кофӣ пешниҳод кардааст.

Вакили дифои Трамп пештар дар суҳбат бо Fox News гуфта буд, ки зидди мулоқоти шахсии президент бо муфаттишон аст. Зеро ба гуфтаи ӯ, онҳо эҳтимол дорад, бо суолҳои худ Трампро ба иштибоҳ биандозанд. Вай гуфт, ки вакилони дифоъ тавони посухдиҳӣ ба суолҳои иловагии тими Мюллерро доранд.

Ҷулианӣ додситони махсусро ҳамчунин ба он айбдор кард, ки ба пок кардани мукотибаи ҷосуси пешини Бюрои федеролии тафтишотӣ Питер Стржок иҷозат додааст. Стржок дар паёмакҳои худ гӯиё гуфтааст, ки мехоҳад, монеи президенти ИМА интихоб шудани Трамп гардад. Мукотиба замоне пок карда шуд, ки ҷосуси пешин дар тими додситони махсус кор мекард. Ба иттилои Вазорати адлияи ИМА, паёмакҳо дар бойгонии бюро нигаҳдорӣ мешуданд, вале ба иллати нуқси техникӣ пок карда шуданд.

Дар ИМА дахолати эҳтимолии Русияро ба интихоботи президентии соли 2016 тафтиш доранд. Додситон Мюллер таҳқиқ дорад, ки ситоди интихоботии Трамп зидди рақиби ӯ Ҳилларӣ Клинтон аз Ҳизби демократ бо Русия созише дошт, ё не. Москва дахолати худро ба интихоботи кишварҳои хориҷӣ рад мекунад.

XS
SM
MD
LG