Ссылки доступа

Дар шарқи Украина "оташбаси солинавӣ" эълом мешавад


Дар минтақаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина "оташбаси солинавӣ" эълом мешавад. Бар пояи созиши аъзои гуруҳи тамос барои ҳалли низои шарқи Украина, низоми оташбас аз 29 декабр ба иҷро медарояд.

Намояндаи Украина Евгений Марчук гуфт, Киев оташбасро барои бозсозии зербиноҳои харобшуда истифода хоҳад кард. Намояндаи Ҷумҳурии мардумии худхондаи Луҳанск Андрей Марочко хабар дод, ки омодаанд, оташбасро риоя кунанд. Намояндаи Русия дар гуруҳи тамос Борис Гризлов изҳор дошт, ки Москва барои нақзи низоми оташбас ба ҷавобгарии интизомӣ исрор хоҳад кард.

Соли гузашта дар Донбасс низоми оташбасрро аз 23 декабр эълом карданд. Вале имсол дар вилоятҳои Украина, ки бо Русия ҳаммарзанд, ҳолати низомӣ эълом шуда буд. Ин ҳолат пас аз ҳодисаи 25 ноябр дар тангнои Керч ҷорӣ гашт. Он рӯз марзбонони рус 3 киштии Украинаро нахуст тирборон ва сипас боздошт карданд. Ҳоло 24 маллоҳи украин бо гумони нақзи марзи Русия дар ҳабсанд. 26 декабр ҳолати низомӣ бекор ва гуфтугӯҳо барои оташбас аз сар гирифта шуд.

Дар натиҷаи задухӯрдҳои шарқи Украина аз соли 2014 ба ин сӯ беш аз 10 ҳазор одам ҷон бохта, садҳо ҳазор сокин маҷбур шуданд, хонаҳои худро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG