Ссылки доступа

Додситонии Ишқобод ҷамъоварии пул аз волидонро барои Соли нав тафтиш дорад


Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон мудирони мактаб ва боғчаҳое, ки барои чорабиниҳои солинавӣ аз волидон пул ҷамъ карданд, ба бозпурсӣ даъват мешаванд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар боғчаҳои пойтахти Туркманистон аз волидон барои таҷлили соли нав 80-манатӣ (ҳудуди 23-долларӣ) талаб доранд.

"Додситонии Ишқобод дар асоси шикояти волидон мудирони мактабу боғчаҳоро ба бозпурсӣ даъват мекунад. Волидон шикоят кардаанд, ки мудирҳо барои чорабиниҳои солинавӣ аз онҳо пул талаб доранд", - хабар додааст "Хроника Туркменистана" бо истинод ба як манбаи худ.

Дар додситонии Ишқобод ба мудирон ҳушдор доданд, ки барои ин амалашон ба онҳо парвандаи ҷиноӣ ё ҳадди ақал маъмурӣ таҳдид мекунад. Мудирони мактабу боғчаҳои ноҳияи "Хитровка" аллакай бозпурсӣ шудаанд.

Ба иттилои расонаҳо, дасти кам дар ду боғчаи Ишқобод аз волидон барои туҳфаи солинавӣ 70-манатӣ ва барои даъвати Бобои барфиву наберааш 10-манатӣ талаб шудааст.

Бархе аз волидон ба иллати надоштани пул гуфтанд, ки ба фарзандонашон дар хона туҳфа медиҳанд ё он рӯз кӯдаконро ба боғча намебаранд. Вале мудирони боғчаҳо пешниҳоди волидонро рад карда, гуфтаанд, ки бояд пулро супоранд, чун аз боло фармон шудааст.

XS
SM
MD
LG