Ссылки доступа

Як зодаи Ӯзбекистон дар бемористони Русия худкушӣ кард


Як зодаи 58-солаи Ӯзбекистон, ки аз бемориҳои сироятии аз роҳи алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда ранҷ мебурд, дар як бемористони шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо тапонча нахуст табибро маҷруҳ ва баъдан худро куштааст. Хабар дода мешавад, ки табиби маҷруҳ ҳам шаҳрванди Ӯзбекистон аст.

Мақомоти тафтишотии Русия хабар медиҳанд, ки ин ҳодиса 25 декабр рух додааст.

"Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад", - хабар медиҳад сухангӯи мақомоти тафтишотии Санкт-Петербург Сергей Капитанов. Ба гуфтаи вай, мақомот дар ҳоли ҳозир сабабҳои рӯйдодро меомӯзанд.

Марди 58-сола Сергей ном дошта, табиби маҷруҳ Оксана Ким аст, ки аз ноҳияи шикам ва пояш ҷароҳат бардоштааст.

Бо назардошти он ки дар маркази тибби шарқии "Инсам" асосан табибон куриёи фаъолият мекунанд, мақомоти тафтишотӣ сар задани ҳодисаро аз рӯи ангезаҳои миллатгароӣ ва тундгароӣ ҳам мадди назар доранд.

XS
SM
MD
LG