Ссылки доступа

Сокинони як шаҳраки Ишқобод Соли навро дар хонаҳои сард пешвоз мегиранд


Сокинони шаҳраки 5-уми шаҳри Ишқободи Туркманистон Соли навро дар хонаҳои сард таҷлил хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Туркманистон дар сохтмони толорҳои бошукуҳ ва манзилҳои гаронбаҳо миллиардҳо долларро харҷ мекунанд.

Ба вижа дар кӯчаҳои шаҳраки 5-уми Ишқобод хандақҳои 2-метрӣ канда шудааст. Дар таҳхонаҳои биноҳое, ки 55-60 сол пеш сохта шудаанд, шуша дамидааст. Ахиран бо ҳадафи сабзгардонии пойтахт дар ин шаҳрак рангу бори зоҳирии биноҳо сурат гирифт.

Мушкили сокинони шаҳраки 5-ум аз онҷо шуруъ шуд, ки дар кӯчаҳои он кандани хандақро сар карданд. Мақомот гуфтанд, лулаҳои фарсудаи гармидиҳиро иваз мекунанд.

"Сокинон дар ибтидо хушҳолӣ карданд, ки мақомот онҳоро фаромӯш насохтаанд. Аммо ин хушҳолӣ дар охир ба мушкилот табдил шуд. Зеро хандақи чуқуриаш 2 ва паҳниаш 4-5 метр равуоро дар ин кӯчаҳо душвор кардааст", - менависанд расонаҳо.

XS
SM
MD
LG