Ссылки доступа

Ҳуқуқшинос натавонист, шаҳрдори Алматоро ба ҷавобгарӣ кашад


Додгоҳи ноҳияи Бустондиқи шаҳри Алматои Қазқоистон даъвои ҳуқуқшинос Алнур Иляшевро қонеъ накард. Иляшев ҳокими шаҳрро барои "ифлосии ҳаво" ба додгоҳ кашида буд. Ҷаласаи додгоҳ рӯзи 28 декабр барпо шуд.

Иляшев аз маъмурияти шаҳр талаб кард, ки уҳдадориҳояшро дар доираи Барномаи маҷмуии кам кардани ифлосии муҳити зист барои солҳои 2009-2018 иҷро кунад. Дар барнома нақшаи чорабиниҳои кам кардани партовҳои маркази гармидиҳии 2 тартиб дода шудааст. Ин марказ яке аз манбаъҳои асосии ифлоскунандаи ҳавои Алмато дониста мешавад. Иляшев даъво дошт, ки ҳукумати Алмато барои амнияти муҳити зист талоши даркорӣ ба харҷ намедиҳад.

Намояндагони ҳукумат дар додгоҳ даъвои ҳуқуқшиносро рад карданд. Онҳо гуфтанд, Барномаи маҷмуӣ соли 2011 бо қарори маҷлиси маҳаллӣ бекор шудааст.

Баҳси додгоҳии ду тараф камтар аз як ҳафта идома кард.

Ин бори аввал нест, ки Алнур Иляшев ҳукумати шаҳрро ба додгоҳ мекашад. Тирамоҳи соли ҷорӣ вай шаҳрдориро барои 32 бор рад кардани дархости баргузории эътирози осоишта ба додгоҳ кашид. Дар он мурофиа низ Иляшев пирӯз нашуда буд.

XS
SM
MD
LG