Ссылки доступа

Дар Қирғизистон пулиси сайёҳӣ ташкил шуд


Дар Қирғизистон бори аввал зерсохтори алоҳидае барои кор бо сайёҳон - милисаи сайёҳӣ - ташкил шуд. Ин гуна хадамот дар ҳоли ҳозир танҳо дар пойтахти он кишвар - шаҳри Бишкек ташкил шудааст.

Вазифаи милисаи сайёҳӣ аз таъмини амнияти сайёҳон, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар Қирғизистон ва инчунин машварат додан дар робита ба масоили амният ва қонунгузории ин кишвар иборат аст.

Талаби асосӣ аз номзадҳое, ки мехоҳанд дар хадамоти мазкур ба кор қабул шаванд - донистани забонҳои хориҷӣ ва қонунгузорӣ аст. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон мегӯяд, сайёҳ метавонад, бо ҳар гуна кумаке - аз ҳифзи ҳаёт ва саломатӣ то пайдо кардани макону муассисаи лозимӣ - муроҷиат кунад.

Дар ҳоли ҳозир 60 одам ба ин хадамот қабул шудаанд. Ду дастаи донандагони забони англисӣ ташкил гардидааст. Бархе аз кормандон ба ҷуз аз забони англисӣ итолиёӣ, фаронсавӣ ва туркиро ҳам медонанд. Нисфи ин кормандон занонанд.

Ҳукумати Қирғизистон бовар дорад, ки милисаи сайёҳӣ барои беҳтар сохтани имиҷи кишвар саҳм мегузорад.

XS
SM
MD
LG