Ссылки доступа

ИМА аз Русия хост, Пол Уиланро фавран озод кунад


Пол Уилан

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео аз Русия талаб кард, ки шаҳрванди боздоштшудаи кишвараш Пол Уиланро фавран озод кунад. Помпео гуфт, ки Вашингтон ҳамчунин мехоҳад, сабаби боздошти шаҳрванди ИМА-ро дар Русия бифаҳмад.

Уиланро маъмурони ФСБ Русия 28 декабр боздошт карданд. Зидди ӯ бо банди "Ҷосусӣ" парванда боз шудааст. Ин банд то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Ҷузъиёти парванда ошкор карда намешавад. Вазорати умури дохилии Русия рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ба консулҳои ИМА иҷозат дода шуд, ки бо Уилан мулоқот кунанд.

Пол Уилани 48-сола сарбози пешини нерӯҳои пиёдагарди баҳрии ИМА аст, ки дар Мичиган зиндагӣ мекунад. Ӯ солҳои ахир дар бахши амнияти ширкати BorgWarner кор мекард, ки барои автомошинҳо лавозими иловагӣ месозад. Ба гуфтаи The Washington Post, Пол Уилан соли 1994 дар нерӯҳои пиёдагарди баҳрӣ ба хизмат оғоз кард ва соли 2008 аз он хориҷ шуд.

Наздикони Уилан робитаи ӯро бо хадамоти ҷосусӣ рад мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ӯ барои иштирок дар тӯйи рафиқаш ба Москва рафтааст. Нашрияи The Washington Post пештар хабар дод, ки боздоштшуда бо забони русӣ гап мезанад ва аз соли 2007 ба ин сӯ пайваста аз Русия боздид мекард.

XS
SM
MD
LG