Ссылки доступа

Дар Андиҷон шер корманди боғи ҳайвонотро пора-пора кард


Дар боғи ҳайвоноти шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон шер нозиреро, ки ба дохили қафас ворид шуда буд, пора-пора кардааст. Ин ҳодиса 28 декабр рух дода, танҳо 2 январ расонаӣ гашт.

Боғи ҳайвоноте, ки ҳодисаи мазкур дар он рух додааст, дар маҳаллаи “Боғишамол”-и ноҳияи Хоҷаободи Андиҷон ҷойгир буда, он рӯз нозири боғ барои ғизо додани шер ба қафас дохил шудааст.

“Вақте мард ба қафас ғизоро медарорад, шер ба ӯ ҳамла мекунад. Шер нозири боғро пора-пора кард. Зоҳиран ҳайвон гурусна будааст”, - гуфт як корманди боғои ҳайвоноти Андиҷон.

Як масъули шуъбаи пулиси Андиҷон ин хабарро тасдиқ кард, вале ҷузъиёти онро шарҳ надод.

Боғи ҳайвоноти Андиҷон, ки аз нигоҳи бузургӣ пас аз боғи ҳайвоноти Тошканд дар Ӯзбекистон дувумин аст, соли 2016 боз карда шуд. Дар он беш аз 50 навъи ҳайвон нигаҳдорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG