Ссылки доступа

Дар Магнитогорск ҷасади модар ва се кӯдаки тоҷикро аз зери харобаҳо пайдо карданд


Наҷотдиҳандагон ҷасади Раҷабмоҳ Улфатова, зани тоҷик ва се кӯдакашро, ки дар зери харобаҳои бинои фурӯрафта дар шаҳри Магнитогорски Русия монда буданд, пайдо карданд.

Сафар Сафаров, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург 3 январ гуфт, ҷасадҳо ба сардхона интиқол ёфтаанд. Ба қавли Сафаров, хешовандон ҷасади Раҷабмоҳ Улфатова ва кӯдакони ӯ - Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсини 3-соларо шиносоӣ кардаанд.

"Баъди машварат бо наздикони қурбониён, қарор аст, ҷасади онҳо ба Тоҷикистон фиристода шавад", - афзуд консули тоҷик.

Як бинои зисти чандошёна субҳи 31-уми декабри соли 2018 дар шаҳри Магнитогорск фурӯ рафт. Дар пайи он шаҳрванди Тоҷикистон Шӯҳрат Улфатови 28-сола аз зери харобаҳо зинда пайдо шуд. Аммо ҳамсар ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар ин ҳодиса ҳалок шуданд. Онҳо сокинони ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон мебошанд.

Вазъи саломатии Шуҳрат Улфатов вазнин гуфта мешавад. Ба қавли консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург, Улфатовро шаби гузашта ба беморхонаи вилоятии Челябинск бурдаанд.

Консули Тоҷикистон дар Екатеринбург ҳамчунин гуфт, дар он қисмати бино, ки фурӯ рафт, ду оилаи тоҷик зиндагӣ мекарданд, ки як оила пурра наҷот дода шудаанд. Сафар Сафаров гуфт, оилаи ҳафтнафарии Маҳмадрозиқ Самиев бо фарзандонаш тариқи кран саломат берун оварда шуданд.

Худи Маҳмадрозиқ Самиев гуфт, наҷот ёфтани ӯ ва фарзандонаш аз ин ҳодиса "муъҷиза буд". Биное, ки фурӯ рафт, дар маркази Магнитогорск воқеъ аст.

Тибқи иттилои ахири мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз зери харобаҳои бинои фурӯрафтаи Магнитогорск то ҳол ҷасади 37 нафар пайдо шудааст.

XS
SM
MD
LG