Ссылки доступа

Трамп: "Русия" ҳақ буд, ки дар Афғонистон ҷангид ва ҳоло мебояд ба он ҷо баргардад


Доналд Трамп, президенти ИМА ҳангоми муҳокимаи мубориза бо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" дар Афғонистон гуфт, ба фарқ аз ИМА, низомиҳои кишварҳои дигар иҷозаи дар онҷо ҷангиданро доранд.

"Чаро Русия он ҷо нест? Чаро Покистон нест? Ҳиндустон нест?" - гуфт Трамп.

Дар ҳамин ҳол вай гуфт, ҷанг дар Афғонистон дар солҳои 1980-ум ба варшикастагии Иттиҳоди Шӯравӣ сабаб шуд ва аз он Русия падид омад.

"Русия пештар Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Афғонистон аз он Русия сохт, зеро онҳо дар Афғонистон ҷангиданд ва варшикаста шуданд. Русия барои он дар Афғонистон буд, ки террористон ба сӯи Русия ҳаракат мекарданд. Онҳо (русҳо) ҳақ доштанд, ки онҷо бошанд. Мушкил дар он буд, ки ҷанг душвор буд. Ва онҳо варшикаста шуданд. Онҳо дубора номи Русияро гирифтанд, на Иттиҳоди Шӯравиро. Медонед, бисёр минтақаҳое, ки шумо дар бораашон мехонед, дигар ҳудуди Русия нестанд, маҳз ба хотири Афғонистон", - гуфт Трамп.

Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1979-1988 дар Афғонистон ҷангид. Артиши шӯравӣ зидди гуруҳои гуногуни муҷоҳидин ҷанг мекард. Иттиҳоди Шӯравӣ баъди шикастҳо ва қурбониҳои зиёд дар солҳои 1988-1989 артишашро аз Афғонистон берун овард. СССР расман 26 декабр соли 1991 пош хӯрд.

Президент ИМА дар робита ба берун овардани артиши амрикоӣ аз Афғонистон изҳороти расмие нашр накардааст. Айни ҳол дар Афғонистон наздики 14 ҳазор низомии амрикоӣ ҳузур дорад.

XS
SM
MD
LG