Ссылки доступа

Дар соҳили рӯдхонаи Фарғона ҷасади кӯдакеро пайдо карданд


Дар ноҳияи Олтиариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон дар соҳили рӯдхонаи хурди Фарғона ҷасади тифли навзоде пайдо шудааст. Пулис мегӯяд, кӯдак пеш аз партофтан дар соҳил мурдааст.

Ба гуфтаи яке аз шоҳидон, ҷасади тифли навзодро 2 январ дар соҳили рӯдхонае пайдо карданд, ки аз назди мактаби рақами 41-и маҳаллаи Капчугай мегузарад.

"Кӯдак 10-рӯза аст. Мегӯянд, ӯро нахуст хафа карда, сипас партофтаанд. Дар ҳоли ҳозир тамоми маҳалларо ба пой хезондаанд", - гуфт як сокини маҳаллӣ.

Маъмурони пулиси Фарғона дар доираи санҷиши ҳодиса тамоми момодоя ва ҳамшираҳои Олтиариқу ноҳияҳои ҳамсояро бозпурсӣ карданд.

Дар ҳоли ҳозир сабаб ва ҷузъиёти дигари ҳодиса маълум нест.

"Феълан тафтишот идома дошта, талош доранд модари кӯдакро аз тариқи ташхиси ДНК муайян кунанд", - изҳор дошт як корманди ҳифзи ҳуқуқи Олтиариқ.

XS
SM
MD
LG