Ссылки доступа

Нэнсӣ Пелосии демократ раиси Конгресси ИМА интихоб шуд


Намояндаи Ҳизби демократ Нэнсӣ Пелосӣ раиси Конгресси ИМА интихоб шуд. Аз номзадии ӯ 219 конгрессмен ҷонибдорӣ карда, 192 кас, аз ҷумла 12 демократ зид баромаданд. Нэнсӣ дар раъйгирӣ ба раҳбари ҷумҳурихоҳон Кевин Маккартӣ пирӯз шуд.

Ҳайати нави Конгресси ИМА дирӯз, 3 январ корро оғоз карданд. Дар интихоботи моҳи ноябри соли 2018 бештари курсиҳои Палатаи намояндагонро демократҳо ба даст оварда, ҷумҳурихоҳон низ тавонистанд, мақоми аксарияти худро дар Сенат ҳифз кунанд.

Пелосӣ пештар қабули қонунеро ваъда дода буд, ки аз саргирии кори идораҳои давлатии ИМА-ро бидуни ҷудо шудани пул барои бунёди девор дар марз бо Мексика пешбинӣ мекунад. Раиси нави Конгресс дар суҳбат бо NBC гуфт, ки президенти ИМА Доналд Трамп барои бунёди девор маблағеро ба даст нахоҳад овард.

Аксарияти ҷумҳурихоҳон дар Сенат бар инанд, ки нақшаи демократҳо бидуни дастгирии Трамп баррасӣ нахоҳад шуд. Худи Трамп гуфта буд, ки қисман қатъ шудани кори ҳукумат ё ба истилоҳ "шатдаун" то ҷудо шудани пул барои бунёди девор идома меёбад.

Кохи сафед 22 декабр бори севум дар як сол қисман кори ҳукуматро қатъ кард. Зеро қонунгузорҳои амрикоӣ натавонистанд, дар робита ба харҷи бунёди девор дар марз бо Мексика ба созиш бирасанд. Трамп исрор дорад, ки Конгресс барои марҳалаи аввали бунёди девор беш аз 5 миллиард доллар ҷудо кунад. Харҷи умумии девор 20 миллиард доллар аст. Вале демократҳо зидди ин тарҳанд.

Чаҳоряки идораҳои давлатии ИМА ба иллати "шатдаун" кори худро қатъ кардаанд. Дар натиҷа беш аз 800 ҳазор хидматчии давлатии федеролӣ бе маош монданд.

Нэнсӣ Пелосӣ 78 сол дорад. Дар Палатаи намояндагон аз соли 2003 раҳбари демократҳо аст. Солҳои 2007-2011 Палатаи намояндагонро раҳбарӣ мекард. Соли 2010, баъди бохти демократҳо дар интихобот раҳбарии ақалиятҳои демократро ба зимма гирифт.

XS
SM
MD
LG