Ссылки доступа

Дар баҳси додгоҳии пирамидаи молии Қазоқистон ҷанҷол сар зад


Дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон 3 январ нисбати соҳибкори маҳаллӣ Куаниш Жаксибоев ҳукми додгоҳ содир шуд.

Ӯро дар "таъсис ва роҳбарии пирамидаи молӣ" айбдор карданд. Соҳибкор бо ҳукми додгоҳ 6,5 сол зиндонӣ шуд.

Ба иттилои тафтишот, вай дар солҳои 2016-2017 нармафзори мобилии APPORT сохта ва ба сокинони Оқтеппа пешниҳод кардааст, ки саҳҳоми ин ширкат шаванд ва даромад ба даст оранд. Наздики 1000 одам ба ин нармафзор сармоягузорӣ кардаанд. Ба иттилои додгоҳ, Жаксибоев бештар аз 167 миллион танга ҷамъ оварда, қисмати бештари онро аз худ кардааст.

Баъди қироати ҳукми Жаксибоев даҳҳо саҳмдори норозӣ, ки аз айбдоршаванда ҳимоят мекарданд, дар толори додгоҳ ҷанҷол барангехтанд. Онҳо мизу курсиҳоро ба ҳар сӯ ҳаво доданд. Пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд ва чанде аз онҳоро боздошт кард.

XS
SM
MD
LG