Ссылки доступа

Вакили дифои маъруфи тоҷик Файзинисо Воҳидова даргузашт


Файзинисо Воҳидова
Файзинисо Воҳидова

Файзинисо Воҳидова, вакили дифои маъруфи тоҷик бар асари беморӣ дар синни 55 даргузашт. Таҳмина Раҳимова, адвокат ва келини Файзинисо Воҳидова субҳи 4-уми гуфт, ки вакили дифои маъруф соати 2-и шаби гузашта дар бемористони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳаёт чашм пӯшид.

Раҳимова афзуд, ки Файзинисо Воҳидова чанд вақти ахир аз бемории шамолхӯрдагӣ ё пневмония ранҷ мебурд ва бинобар ин, дар бемористон бистарӣ шуда буд. Ба гуфтаи Раҳимова, Воҳидова дар бахши эҳёи беморхона табобат мегирифт ва шаби гузашта ҳолаш бад гардид ва табибон натавонистанд ӯро наҷот диҳанд.

Ӯ гуфт, ки ҷасади Воҳидоваро ба манзилаш воқеъ дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроқум) оварда, имрӯз соати 13 дар қабристони Гунбази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - маҳали таваллуди ӯ, ба хок месупоранд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ даргузашти Файзинисо Воҳидоваро як талафоти калон мехонанд. Раҷаб Мирзо, фаъоли ҷомеаи маданӣ мегӯяд, ҳузури шахсиятҳое мисли Файзинисо Воҳидова барои мардуми озодандеши тоҷик руҳу тавон мебахшид. Ба қавли ин рӯзноманигори тоҷик, Воҳидова аз камтарин нафароне буд, ба мушкилоти мавҷудаи Тоҷикистон бетараф набуд.

айзинисо Воҳидова дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1986 Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскавро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Аз соли 1995 то лаҳзаҳои охири ҳаёташ ба ҳайси адвокат ё вакили мудофеъ фаъолият дошт.

Хонум Воҳидова дар баҳси чандин парвандаҳои пурсару садо, аз ҷумла сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар соли 1997, парвандаи Содиқ Муҳаммадохунов, мулаққаб ба "Сачан" (раҳбари корхонаи пахтаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва аз фармондеҳони шинохтаи собиқи Фронти Халқӣ буд), қатли раиси бозори ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ва чандин парвандаи тарафдорони сарҳанги шӯришӣ - Маҳмуд Худойбердиев, парвандаи журналисти Би-би-сӣ Урунбой Усмонов, ва ҳамчунин гурӯҳи "Ҳизби Таҳрир" иштирок кардааст.

Платформаи байнулмилалии блоггерии Global Voices дар соли 2016 Файзинисо Воҳидоваро яке аз шаш зани фаъоли тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ унвон карда буд.

XS
SM
MD
LG