Ссылки доступа

Дар Англия лорди 77-сола бо пешхидмати 32-солаи ӯзбекистонӣ издивоҷ кард


Дар Англия лорди 77-солаи мусулмон Муҳаммад Илтаф бо зани ӯзбекистоние издивоҷ кард, ки аз худаш 45 сол хурд аст.

Ба иттилои Daily Mail, Муҳаммад Илтоф бо Гулӣ Муродоваи 32-сола соли 2013 дар қаҳвахонае шинос шудааст, ки зани ҷавон дар он ба ҳайси пешхидмат кор мекард.

Муродова ба ватан баргаштааст ва Муҳаммад Илтофи миллионер низ аз паси ӯ ба Ӯзбекистон рафтааст. Лорд аз ҳамсари якуми худ ҷудо шуда, сипас моҳи декабри соли 2018 бо Муродова издивоҷ кард.

Тӯйи арӯсии онҳо дар меҳмонсарои панҷситорагии Grosvenor House баргузор гашт. Ба иттилои нашрияи бритониёӣ, ҳамсари ҷавони лорд аз духтари ӯ 15 сол хурдтар аст.

XS
SM
MD
LG