Ссылки доступа

Назарбоев шаҳр ва ноҳияи Заряновро ба Олтой табдил дод


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар бораи ба Олтой табдили ном кардани шаҳри Зирянови вилояти Қазоқистони Шарқӣ фармон содир кард.

Дар ин бора матбуоти расмии он кишвар 3 январ хабар дод. Бо ҳамин фармон ноҳияи Зирянови вилояти Қазоқистони Шарқӣ ба ноҳияи Олтой номгардон шудааст.

Ташаббуси табдили ном кардани шаҳр ва ноҳияи Зиряновро вакилони халқӣ моҳи сентябр рӯи даст гирифта буданд.

Ноҳияи Зирянов соли 1928 таъсис шудааст. Деҳаи Зирянов, ки баъдтар ба шаҳр мубаддал шуд, соли 1791 ташкил шудааст. Ин деҳа ба ифтихори кашшофи кони оҳан Герасим Зирянов номгузорӣ шуда буд.

Назарбоев бо як фармони дигараш 28 декабри соли 2018 ноҳияи Зеленовои вилояти Қазоқистони Ғарбиро ба ноҳияи Байтерек номгардон кард.

XS
SM
MD
LG