Ссылки доступа

Помпео аз оғози хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия хабар дод


Низомиҳои амрикоӣ хуруҷ аз Сурияро шуруъ карданд. Дар ин бора котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод.

Вай ҷадвали берунории низомиҳои амрикоиро шарҳ надод. Помпео гуфт, намехоҳад, ки рақиб чунин иттилоеро дар ихтиёр дошта бошад.

Котиби давлатӣ гуфт, президенти ИМА мисли пешин тасмим дорад, барои "суботи Шарқи Наздик" чораҷӯӣ кунад ва Иёлоти Муттаҳида маъракаи зидди гуруҳи террористии "Давлати исломӣ"-ро идома медиҳад. Помпео афзуд, ИМА мехоҳад мутмаин бошад, ки низомиҳои Туркия дар Сурия "курдҳоро қатл намекунанд". Ба гуфтаи котиби давлатии Амрико, Вашингтон амалисозии ин ҳадафҳоро пайгирӣ мекунад.

Доналд Трамп, президенти ИМА 19 декабр хабар дод, ки низомиҳои амрикоӣ Сурияро тарк мекунанд. Вай ангезаи ин тасмимашро ба шикаст додани гуруҳи террористии "Давлтаи исломӣ" рабт дод. Фармондеҳии артиши Амрико бо тасмим президент розӣ нашуданд. Онҳо берунории артишро қабл аз вақт арзёбӣ карданд.

1 январ хабар расид, ки Трамп бо пешниҳоди ба таъхир андохтани берунории артиш розӣ шуда ва 4 моҳ муҳлат додааст. Ба иттилои расонаҳо, президенти ИМА баъди сафар ба пойгоҳи низомии амрикоӣ дар Ироқ дар охири моҳи декабр мавқеашро иваз кардааст. Низомиҳо гӯиё Трампро итминон додаанд, ки ҷиҳодиҳо то охир маҳв нашудаанд.

Дар минтақаҳои берун аз назорати ҳукумати Башор Асад дар Сурия наздики 2 ҳазор низомии амрикоӣ ҷойгир шудааст. Онҳо дар якҷоягӣ бо эътилофи байналхалқӣ зидди "Давлати исломӣ" мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG