Ссылки доступа

Омӯзгорони Ишқобод хонандагонро аз ҳисоби хуб ба тамошо мебаранд


Омӯзгорони мактабҳои Туркманистон маҷбуранд, дар таътилҳои зимистонӣ хонандагонро аз ҳисоби худ ба тамошо баранд.

Омӯзгорони шаҳри Ишқобод мегӯянд, имрӯз аз ҳисоби худ автобус киро карда, хонандагонро ба тамошои маконҳои дидании шаҳр мебаранд.

"Охири ҳафтаи гузашта ман автобус киро карда, хонандагонро ба боғи "Алем" бурдам", - гуфт як омӯзгор, ки нахост номаш зикр шавад.

Ба гуфтаи вай, пештар чунин тамошоҳо аз ҳисоби волидони хонандагон пардохт мешуд. Аммо вақтҳои охир ҷамъоварии маблағ аз волидон душвор шудааст.

Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, рӯзи кории омӯзгорон ҳам тӯлонитар шудааст.

Ба ҷуз ин, омӯзгорон аз навбатдории шабонарӯзӣ дар мактабҳо хаста шудаанд.

Охири моҳи декабр Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти он кишвар дастур дод, ки дар муассисаҳои давлатӣ навбатдорӣ ташкил шавад.

XS
SM
MD
LG