Ссылки доступа

Сокинони Қарағанда аз мақомот талаб доранд, куштори шаби Соли навро шарҳ диҳанд


Садҳо сокини шаҳри Қарағандаи Қазоқистон 6 январ ба кӯчаҳо баромада, аз мақомот талаб карданд, таҳқиқи куштори ҷавоне шарҳ дода шавад, ки шаби соли нав дар натиҷаи занозании гуруҳӣ дар як тарабхона кушта шуда, қотил ҳанӯз ҳам боздошт нашудааст.

Ҳокими вилоят ваъда дод, ки гумонбар таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад ва рӯзҳои наздик боздошт хоҳад шуд. Шаби 31 декабр дар яке аз тарабхонаҳои маҳаллӣ миёни ду гуруҳ ҷанҷол бархоста, ҷавоне кушта шуд.

Хабарнигори Бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, аз дирӯз ба ин тараф дар кӯчаҳои шаҳр мошинҳои махсуси пулис дида мешавад.

Ба гуфтаи шоҳидон, эътирозгарон хеле эҳсосӣ буданд. Дар наворе, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуд, бархе аз эътирозгарон ибрози нигаронӣ доранд, ки "дастандаркорони куштор аз ҷавобгарӣ фирор хоҳанд кард". Бо эътирозгарон ҳокими шаҳр Ерлан Кошанов мулоқот карда, ваъда дод, тафтишот то замоне, ки ҷинояткорон муҷозот нашаванд, қатъ нахоҳад шуд.

Ба гуфтаи шоҳидон, 6 январ ҳудуди 200 сокини Қарағанда даст ба эътироз зада буданд. Яке аз шоҳидон Айткожӣ Фозилова гуфт, эътирозгарон боздошти гумонбари асосии куштор ва адолат дар таҳқиқ ва баррасии парвандаро талаб карданд.

Онҳо ҳамчунин ваъда доданд, ки ба хотири шунидани мавқеи мақомот дар робита ба ин қазия дубора ба кӯчаҳо хоҳанд баромад.

Шаби 31 декабр дар яке аз тарабхонаҳои Қарағанда миёни ду гуруҳи меҳмонон задухӯрд сурат гирифта, бино ба иттилои додситонӣ, дар натиҷа чаҳор кас бо корд захмӣ шуданд, ки дертар якеашон ба ҳалокат расид.

Мақомоти Қарағанда мегӯянд, таҳиқи ин куштор зери назорат қарор дорад ва тахминзаниҳо дар бораи хусусияти маҳал доштани низоъ беасосанд.

XS
SM
MD
LG