Ссылки доступа

Раҳбари NASA сафари Рогозинро ба ИМА бекор кард


Раҳбари Оҷонсии кайҳоншиносии Амрико (NASA) Ҷим Брайденстайн гуфт, тасмим гирифтанд, сафари раҳбари Роскосмос Дмитрий Рогозинро ба ИМА бекор кунанд, ки қарор буд, моҳи феврали соли равон анҷом шавад.

Брайденстайн дар суҳбат бо The Washington Post гуфт, оҷонсӣ тирамоҳи соли гузашта Рогозинро, ки номи ӯ дар рӯйхати таҳримшудаҳо ҳаст, ба хотири ҳифзи "робитаҳои наздики корӣ" ба ИМА даъват карда буд. Вале баъди танқиди сахти як қатор сенаторҳо тасмим бозбинӣ шуд.

Аз ҷумла, сенатори демократ Ҷин Шаҳин Рогозинро яке аз меъморони "маъракаи таҷовузкорона"-е номид, ки Кремл зидди ҳамсояҳои худ анҷом медиҳад. Ба гуфтаи сенатор, Рогозин ҳамчунин бо изҳоротҳои зиддиамрикоияш маъруф аст ва сафари ӯ ба ИМА амнияти миллии Амрикоро хатчадор мекунад.

Суханони Шаҳинро муовини раиси кумитаи иктишофии Сенат Марк Уорнери демократ ва раиси зеркумитаи фазонавардӣ Тед Крузи ҷумҳурихоҳ низ ҷонибдорӣ карданд.

Дмитрий Рогозин ҳанӯз дар замони муовини сарвазири Русия буданаш ба рӯйхати таҳримшудаҳо ворид шуда буд. Ӯ бо изҳоротҳои тунди зиддиамрикоияш маъруф аст. Брайденстайн моҳи октябри соли гузашта аз Русия дидан карда буд. Ба иттилои Politico, он замон ӯ аз Рогозин даъват карда буд, ки аввалҳои соли равон аз қароргоҳи NASA дар Ҳюстон боздид кунад.

Ҷонибҳо бо вуҷуди сард шудани муносибатҳои ИМА ва Русия дар кайҳон ҳамкорӣ мекунанд. Дар Истгоҳи байналмилалии кайҳонавардӣ кайҳонавардони рус ва амрикоӣ фаъолият мекунанд, ки ба воситаи киштии русии "Союз" ба кайҳон интиқол меёбанд.

XS
SM
MD
LG